ВАЗЪИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

Дар ҷомеаи имрӯз яке аз масъалаҳои нигарон кунанда дар поймолшавии ҳуқуқи кӯдак маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди оне, ки аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тадбирҳои муҳимро ҳандозӣ мегарданд ва як қатор созмону ташкилотҳои байналмиллаӣ дар ин самт лоиҳаҳои махсусро амалӣ мекунанд, аммо ҳамоно нафароне ба мушоҳида мерасанд, ки ба ҳуқуқи кӯдак он эътибор надода, дар бисёр самтҳо ҳуқуқашонро поймол мекунанд. Ин ҳолат бештар аз тарафи шахсони наздик ба монанди падару модар ва дигар шахсони онҳоро иваз кунанда ба чашм мерасад. Масалан, монеа эҷод намудан дар таҳсил, маҷбуран ба корҳои вазнин ҷалб кардан ва амсоли ин буда метавонад. Аз тарафи сохторҳои марбута нисбати аксарияти волидоне, ки ҳуқуқи кӯдаконро поймол намудаанд, чораандешӣ карда шудааст. Асоси пайгирии мавзӯи мазкур ва шарҳи талаботи қонун оид ба ҳуқуқи кӯдак низ дар он аст, ки бори дигар падару модарон, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда дар умумаҳли ҷомеа ҳушдор шавад, ки нисбати кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо беэътиноӣ зоҳир накунанд.

Ёдовар бояд гардид, ки ҳуқуқи кӯдак навъе аз ҳуқуқиинсон аст, ки нисбат ба кӯдакон истифода мешавад: ҷудогардидани ҳуқуқи кӯдак ба гурӯҳи алоҳида ба он алоқаманд мебошад, ки аз як тараф кӯдакон дорои тамоми ҳуқуқҳои шахсони болиғ нестанд, аз тарафи дигар, кӯдакон бояд ба ҳуқуқҳои махсус дастрас бошанд, ки бо синну соли онҳо ва вазъияташон дар оила алоқаманд мебошад. Ҳоло санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва миллии махсус, ки ҳуқуқи кӯдакро муайян мекунанд, кор карда шудаанд ва истифода мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад. Илова бар ин, як қатор Консепсия ва барномаҳо дар ин росто амал намуда истодаанд. Инчунин, барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимоя аз ҳамагуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.
Бо  мақсади  таъмини  эҳтиром,  риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Ниҳоди мазкур ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, амалӣ гардондани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад.

Ҳуқуқ  ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ таъмин мешавад. Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд.  Ҷиҳати  бо  ҳаёти  пурарзиш,  сатҳи  шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кӯдакон (манъи истифодаи он дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси меҳнат ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои батарини меҳнати кӯдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили кӯдак таъсир мерасонанд, манъмекунад. Ҳамчунин, кӯдаконро ба корҳои вазнин ҷалб намудан мумкин нест, ки вобаста ба ин “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад” ва дигар санадҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Табиист, ки ин гуна кафолатҳо дар таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба таҳсилу омӯзиш фаро мегиранд.

Ғайр аз ин, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Комиссияи ҳуқуқи кӯдак ташкил карда шудааст. Инчунин, дар мақомоти корҳои дохила бахши ҳуқуқи кӯдак амал мекунад. Дар назди шуъбаҳои маориф комиссияи ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамояд. Яъне, чунин шахсони махсус баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вазифадор карда шудаанд, ки ҳамаррӯза бо кӯдакон ва волидони онҳо кор мебаранд. Фаъолияти шахсони масъул дар масъалаи пешгирии поймолшавии ҳуқуқи кӯдакон, дастгирии онҳо, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ба таҳсил пурра фаро гирифта шудани кӯдакон ва дигар самтҳо кор мекунанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” ба таври муфассал шарҳ дода шудааст, ки саропо ба нафъи кӯдакон мебошад. Мисол, тибқи моддаи 1-и қонуни мазкур дар мафҳумҳои асосӣ омадааст, ки кӯдак шахсест, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст ва кӯдаки маъюб, яъне кӯдаке, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад. Илова бар ин, кӯдаки ятим бошад, кӯдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд, мебошанд. Яъне, дар ҳамин шакл дар ин модда кӯдак, ҳуқуқи кӯдак, киҳо ба гурӯҳи кӯдакон дохил мешаванд ва ба кадом гурӯҳи кӯдакон чӣ гуна ҳуқуқу манфиатҳо нигаронида шудааст, шарҳ дода мешавад.

Хулас, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон эътибори ҷиддӣ ҳозир мегардад ва нисбати онҳое, ки дар ин росто бе аҳамияти ҳозир мекунанд, ҷавобгарии махсус пешбинӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фардро зарур аст, ки нисбати кӯдакону наврасон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо масъулияти ҷиддӣ дарк намуда, барои рушди ояндаи давлату миллат дар тарбияи ахлоқии онҳо саҳми худро гузоранд.

 

Судяи суди шаҳри Бохтар,

        Ғафориёнт Тоҳир