Имрӯз, 27 апрели соли ҷорӣ бо иштироки Раиси суд, судяҳо ва кормандони Дастгоҳи суди шаҳри Бохтар маҷлиси назоратии навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси суд, муовинҳо, судяҳои суди шаҳри Бохтар ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Дар ҷараени маҷлис Раиси Суд Бегмуродзода И.Б. қайд намуд, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба риояи қатъии интизоми меҳнатӣ ва сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳо равона карда шавад.

Ҳамзамон дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд расонида шуда баҳри иҷроишии саривақти онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.