Нақш ва рисолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар татбиқи Паём

Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти давлат аз ҷумла, самтҳои фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо мақомоти қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ мудофиа ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеа нақши меҳварӣ мебозад. Аз ин рӯ, Паём ҳамчун дастури роҳнамо дар таҳкими ҳокимияти судӣ, пойдории адолат, таъмини волоияти қонун ва ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дарвоқеъ, Паёми навбатии Президенти кишварамон ин Паёми гомҳои устувори давлат ва мардуми шарафманди он дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ноил шудан ба рушди устувор, фароҳамсозии амнияти ҷомеа ва давлат, тақвият бахшидани ғояҳои  сулҳу ваҳдати миллӣ ва оғози азму талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи кишвар баҳри амалисозии андешаҳои бузурги созандагиву ояндасозиҳо дар Тоҷикистони азизамон мебошад. Зеро тавассути Паём Президенти кишвар муҳимтарин масоили вобаста ба пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро  баррасӣ намуда, ҷиҳҳати ҳаллу фасли он ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар доираи иҷрои  ин вазифагузориҳо дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф ва  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, риояи қонуният ва таъмини адолати судӣ ва ҳаллу фасли мушкилиҳои рӯзмарраи шаҳрвандон, давлат шароиту имкониятҳоро бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум фароҳам месозад. Дар ин росто, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида, ҳокимияти судӣ яке аз субъектҳои асосии ваколатдор ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба хотири нақши муассири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ,  дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини  волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз даврони нахустин Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва ҷомеаи мамлакат, саҳми ҳокимияти судиро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи давлат бағоят муҳим мешумориданд. Аз ҷумла,  Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ дар санаи 30-юми апрели соли 20001 таъкид намуда буданд, ки; “ Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаҳову созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд”.  Ба эътибори ин нуктаҳои муҳими таърихӣ мо, намояндагони Ҳокимияти судӣ Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишварро ҳамчун санади роҳнамо  сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассисаҳо ва ҳама ташкилоту суъбъектҳои ҷамъиятиро масъулияти муқаддаси худ мешуморем.

Тавре ҳамагон шоҳид гардидем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ санаи 16-уми декабри соли 2025  низ фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсиву амнияти ҷомеа ва таъмини волоияти қонунро кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва омили баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар арзёбӣ намуда, хотиррасон намуданд, ки маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ноил гардида, ба ин васила сатҳи некуаҳволии халқ баланд бардошта шавад.

Ба инобати ин дастоварду комёбиҳо Пешвои муаззами миллат иҳзор доштанд, ки таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад. Илова бар ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид намуданд, ки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.

Сарвари давлат бо таҳлилҳои амиқу масъалагузориҳои ҷадид ҳушдор намуданд, ки дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро мебояд, дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ масъулияти дучанд эҳсос бинмоянд. Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар мавриди вазъи мураккаби минтақаҳои ноороми ҷаҳон Сарвари давлат аз  шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод ҷомеаи башарӣ изҳори нигаронӣ дошта, моро ҳушдор медиҳанд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, бо иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо ҷомеаи башарӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои ояндасозӣ ва пойдории ваҳдату осоиштагӣ дар кишварамон ва таъмини амнияти фарогир саъю талош бинамоем. Зеро, дар ҳоле, ки ҷаҳони муосир ба буҳрони нооромиҳо қарор дорад, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҷидду ҷаҳди дучанд ба хотири ободиву тараққиёти Ватани азизамон аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва рисолати ҳаётии мо маҳсуб меёбад, то барои наслҳои имрӯзу ояндаи хеш ҳаёти осудаву осоишта ва шоистаро фароҳам оварда бошем.

Хулоса, дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Президенти мамалкат ҷомеаи саодатёри кишварамонро водор месозад, ки Паёми Пешвои муаззами миллатро мавриди омӯзишу баҳрабардории пайваста қарор дода, бо ҳамовозӣ аз ташаббусҳои бузурги ватансозӣ ва ба иҷро расонидани тадбирҳои ба хотири рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон  роҳандозӣ гардида саҳми арзанда гузоранд. Ҳамзамон, дар партави  сиёсати давлатӣ ва қадамҳои устувор дар татбиқи ҳадафҳои бузурги ватансозӣ, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидааст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз самтҳои ниҳоят муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан, мо намояндагони ҳокимияти судӣ маҳсуб меёбад.

Исломиддин Бекмуродзода, раиси суди шаҳри Бохтар