Илму маърифат омили рушду пойдории давлати соҳибистиқлол Таълиму тарбияи ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат
Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дигар падидаҳои ҷаҳони муосир бозгӯи ин нукта аст, ки муҳимтарин омили пойдории Истиқлоли давлат ва суботу амнияти ҷомеа пеш аз ҳама, таъмини сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидии ҷомеа арзёбӣ мегардад, ки он ҷиҳати саъю талоши дастаҷамъона дар масири рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, шароит фароҳам меорад. Яъне, тадбирҳои бузурги бунёдгузориву ояндасозиҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои бузурги давлатсозӣ маҳз аз ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардум атрофи Роҳбари давлат сарчашма мегирад, ки кафили пешрафту устувории мамлакат ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст.
Мо мардуми Тоҷикистон, ки дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ ба нооромиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида, маҳз бо азму иродаи ватандӯстонаи меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ аз вартаи нестӣ наҷот ёфта будем, ҳамакнун, дар масири 35 соли бунёдгузории давлати ифодагари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи хеш ба дастоварду музаффариятҳои бузург ноил гашта истодааем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини озодиву осоиштагӣ, шароиту имтиёзҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ, ҳамвора, волоияти қонун ва ба ин васила ҳифзи ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва адолати иҷтимоиро таъмин намуда, баҳри маърифатнокӣ ва роҳнамоии ҷомеа ба зиндагии шоиста ташаббусҳои ояндасозеро роҳандозӣ менамоянд. Дар баробари Паёмҳои солонаи Президенти кишвар, ки дар он аз ҳар як соли сипаригардида натиҷагирӣ шуда, барномаҳои муҳиму ояндасози стратегӣ матраҳ мегарданд, ҳамзамон, як сол ё даҳсолаи пешомад ба рушду пешрафти ин ё он самту соҳаҳои муҳими давлату давлатдорӣ нигаронида мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид. Хушбахтона, давоми панҷ моҳи аввали ин соли таърихӣ, ки 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ташаббусҳои созандагӣ дар саросари Ватани азизамон суръати тоза пайдо карда истодааст.
Дар мавриди тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бошад, дар кишвари мо алаккай заминаи устувори маърифатнокӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму донишандӯзии насли ояндаамон фароҳам оварда шудааст. Бунёдгузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳаҳои маорифу фарҳанг, рӯи кор овардани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ” ва дигар ташаббусҳо дар самти рушди зеҳнӣ ва маърифатнокии насли ояндасози кишвар, намунае аз тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҷомеа, хусусан, ҷавон арзёбӣ мегардад.
Президенти маҳбуби кишварамон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги ояндасози Тоҷикистон эътироф карда, зимни суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки; “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард. Зеро ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.”
Ҳамзамон, ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба тақвият бахшидани самтҳои гуногунҷабҳаи таълиму тарбияи фарзандон дар оила, мактаб ва ҷомеа нигаронида шудааст. Зеро, бетафовутии баъзе падару модарон дар тарбияи фарзандон, коҳиш ёфтани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамзамон, тақозои густариши ҳамкориҳои мактаб, оила ва ҷомеа дар самти таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа зарурияти қабули ин қонунҳоро ба миён овард.
Воқеан ҳам, ҳадаф аз қабули Қонуну стратегияҳои миллӣ ва як зумра тадбирҳои муассири андешидашуда дар самти рушду пешрафт, таълиму ҳунаромӯзӣ ва маърифатнокии ҷавонон, пеш аз ҳама, ба тарбияи насли замони муосир ва пешгирии неруи ояндасози ҷомеа аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ, тадбирҳои рӯи кор омада ҷиҳати таҳкими раванди таълиму тарбияи фарзандон, ба манфиати оила, фароҳам гардидани муҳити солиму созанда ва ташаккули фарҳанги волои хонаводагӣ мебошад, ки дар фазои он насли солим зодаву ба воя мерасанд. Пӯшида нест, ки маҳз маданияту фарҳанги баланди оиладорӣ таваҷҷуҳи дучанди падару модарон ба илму донишандӯзии фарзандон ба раванди таълиму тарбияи дар муассисаҳои таълимӣ таъсири худро хоҳад гузошт.
Ба ин хотир, вазифа ва масъулияти муҳими ҳар як фарди худогоҳу ватанпарвар аст, ки дар риояи бечунучарои қонунҳои ба тасвиб расида ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат саҳми арзанда гузорад. Дар ин марҳилаи ҷадиди амалисозии барномаву ҳадафҳои дар самти тақвият бахшидани раванди таълиму тарбия, маърифатнокиву мафкурасозии ватандӯстона миёни наврасу ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳими зиёиёну пешоҳангони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аст, ки дар тарғибу ташвиқи одобу ахлоқи ҳамида, ҳуввияти милливу ватандорӣ ва ҳисси ифтихор аз хизмат дар ҳимояи марзу буми Ватан саҳми муносиб гузоранд.
Мусаллам аст, ки ҷалби наврасону ҷавонон ба азбар намудани илму донишҳои тақозои замони нав аз сатҳи саводнокӣ волидон ва маҳорату салиқаи омӯзгории устодони мактабӣ вобастагӣ дошта, аммо сатҳи маърифатнокии онҳо аз фарҳанги хонаводагӣ, хулқу атвори бузургсолони оила ва шахсияти устодони мактабиву ҷомеаи маданӣ сарчашма мегирад. Чуноне муаллими бузург ва мутаффакири барҷаста Абуали Ибни Сино фармудааст, илм аз мутолиа ва маърифат аз мушоҳида ҳосил мегардад. Ба ин маънӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа мо, фаъолону зиёиён ва ҷомеашиносонро мебояд, ки дар баробари мафкурасозӣ миёни толибилмону донишҷӯён, ҳамвора, бо гуфтору рафтору амалҳои шоистаи худ намунаи ибрат барои онҳо бошем. Дар ин росто, рисолати касбии кормандони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти содиқона ва хизмати шоиста ба халқу Ватан аст, ки мардум дар симои онҳо ҳомии адолати иҷтимоӣ ва суботу амнияти кишварро тасаввур менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифи тадбирҳои дар самти рушди пешрафт, илму саоднокӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонони ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамзамон, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароиту имтиёзҳо ҷиҳати тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои аз ҳисоби занону духтарони лаёқатмандро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додааст. Таҷрибаи фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсии бонувони Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар собит намуд, ки фаъолгардонии нақши занон дар корҳои ҷамъиятӣ омили таҳрики ҷавонон дар арсаҳои корзор гардида, аз сӯи дигар, фароҳам овардани имконият барои илму ҳунаромӯзии занону духтарон минбаъд, заминаи боэътимодро дар самти таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа муҳайё менамояд.
Хулоса, таваҷҷуҳи ҳамагонӣ ба таълиму тарбияи насли наврас, густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои марбута дар самти маърифатнокии ҷавонон ва амалисозии барномаву ҳадафҳо ҷиҳати ҷобаҷогузории шумори бештари занону духтарони таҳсилдида дар фаъолиятҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарӣ, аз тадбирҳои муҳимест, ки моро ба фатҳи ҳадафҳои бузурги миллату давлатсозӣ қадам ба қадам наздик месозад.
Зебонисо Шерализода, судяи суди шаҳри Бохтар
Суди шаҳри Бохтар 



