Тадбирҳои ояндасози Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва фаъолгардонии нақши бонувон дар ҷомеа

  Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба санаи 27-июни соли 1997 ба вуқуъ пайваста буд, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории мо ба ҳисоб рафта, ин дастоварди тақдирсоз ҳамчун заминагузори воқеии миллату давлатдории тоҷикон арзёбӣ мегардад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи омӯзанда барои ҷомеаи башарӣ, ки дар он солу замон ҳаводиси дар кишвари мо рухдодаро мушоҳида мекарданд, собит намуд, ки халқи тамаддунофари тоҷик бо сабру таҳаммулгароӣ ва ҳисси баланди хештаншиносӣ муҳимтарин имтиҳони таърихро паси сар намуда, инак дар марҳилаи рушду созандагиҳо қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо саъю талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, оғози саҳифаи навини таърихиест, ки Тоҷикистонро аз вартаи даргириҳои сиёсӣ ва мардуми азияткашидаро аз парокандагӣ  наҷот бахшида, дар масири саъю талошҳо ба хотири ободониву таарққиёти мамлакат роҳнамун сохт.

Бояд ёдовар гардид, ки андешаи ояндасози ваҳдати миллӣ дар замони ниҳоят мураккабу печидаи сиёсӣ ҳамчун ғояи пешбаранда, ҷомеаро мутаҳҳид намуд. Мардуми азияткашида бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳофарин ва бо ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ атрофи Сарвари ҷавони кишварамон ҷамъ омада, ба хотири таҳкими сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи башардӯстиву ватанпарварӣ, баҳри барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳиммат бастанд. Яъне, аз ҳамон марҳилаи оғози бунёдгузории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ғояи Ваҳдати миллӣ ба хотири роҳнамоии ҷомеа ба иқдомҳои созандагӣ аз ҷониби пайравони асили Президенти кишвар миёни мардум тарғибу ташвиқ карда мешуд, ки ин мароми ояндасозони меҳан ҷиҳати маърифатнокиву воқифгардонии мардум аз моҳият ва нақши он дар таъмини суботу амният адибону зиёин нақши муассир гузошт. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем дар шабу рӯзи ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ибтикори Сарвари давлат дар кишварамон Шурои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар ҳайати он даҳҳо нафар рушанфикрони мамлакат шомил буданд. Гузашти солҳои баъди фаъолони ин ҳаракати ҷамъиятӣ дар таҳкими ғояи сулҳу ваҳдат дар ҷомеа саҳми ниҳоят муҳим бозидаанд. Маҳз суҳбату вохуриҳои хотирмони адибону зиёиён ва донишмандони маъруфу маҳбуби мамлакат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ гузошт.

Дарвоқеъ, самараи Ваҳдати миллӣ аз азму иродаи сулҳоварӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри даъвати сокинони мамлакат ба таҳаммулгароиву хештаншиносӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи муқададсоти миллату давлатдорӣ сарчашма мегирад. Зеро сиёсати пешгирфтаи Сарвари ҷавони мамлакат ба хотири муваффақ шудан ба ваҳдати сартосарӣ, аз Иҷлосияи сарнавиштсоз ҳусни оғоз ёфтааст, ки ҳанӯз дар аввалин суханрониашон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми “Ман ба шумо сулҳ меорам” ба дилҳои мардуми азиятдида шуълаи умеду боварӣ ба ояндаи нек овард.

Яке аз дигар дастовардҳои таърихии Сарвари давлати мо дар арсаи сиёсат ин буд, ки аз ибтидои бунёдгузории давлати соҳибистиқлол бо эътимоду боварӣ ба неруи ояндасози зан-модарон, ба хотири фаъолгардонии нақши онҳо дар пешбурди фаъолиятҳои роҳбарӣ тадбирҳои муҳимеро рӯи кор овардаанд. Дар ин давра ба ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор Қонуну қарорҳои дахлдорро ба тасвиб расонида шуда, дар заминаи ин қонуну меъёрҳои ҳуқуқӣ чандин барномаву стратегияҳои муҳими давлатӣ мавриди амал қарор дода шуд. Дар ин росто, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз декабри соли 1997, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо” ва дигар барномаву стратегияҳои ҷиҳати фаъолгардонии занону духтарон дар корҳои ҷамъиятӣ, намунае аз иқдомҳои ояндасози Сарвари давлат дар ин самт мебошанд.

Илова бар ин фароҳам овардани шароиту имкониятҳои бештар ба хотири  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсии кишвар, маърифатнокии ҳуқуқии занон ва фарогирии духтарони деҳот тариқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ, аз ташаббусҳои дигари роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ мегардад, ки дар амалисозии ҳаадфҳои пешбинигардида ба занону духтарони кишварамон руҳияи болидаву эҳсоси хушбинӣ ба ояндаи дурахшон  бахшид.

Чуноне, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём иброз доштанд, айни замон аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни олам таҳсил доранд, зиёда аз 11 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, сол аз сол шумораи бонувон дар зинаҳои роҳбарӣ афзуда истода, имрӯз ҳузури занони сарвар дар тамомии Вазорату кумитаҳо идораву ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат баръало мушоҳида мешавад.

Аз ин лиҳоз, бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мо  бонувони саодатёри Тоҷикистонро мебояд, ки ҳамчун шаҳрвандони ватандӯсту пешоҳанг дар масири ободонии Ватани азизамон масъулиятшинос бошем. Дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ба хусус, миёни ҷавонон нақши пешоҳангӣ бозида, ҳифзи ваҳдати миллиро рисолати ҳаётии худ бидонем. Ҳамзамон, дар баробари иҷрои вазифаву масъулиятҳои барзимма доштаамон, мебояд, ки  дар тарбияи насли ояндаи Ватан дар руҳияи меҳанпарастиву хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, пешгирии афкори ҷомеа аз падиаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву сарсабнамоии Тоҷикистони азизамон ташаббускор бошем.

Бо умеду боварӣ аз азму талошҳои минбаъда ва неруи хастанопазири занону духтарон дар роҳи рушду ободонии Ватан кулли ҳамватанонамонро ба ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии бардавом хушбахтиҳои рӯзгор ва дар арсаи саҳмгузорӣ дар ободониву сарсабзии Тоҷикистони азизамон ба шумо тавонмандиҳои беназир таманно дорам.

Иди ваҳдати миллӣ муборак!

 

                                    Зебонисо Шерализода, судяи суди шаҳри Бохтар