Табрикоти Раиси Суди шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни Рӯзи модарон – 8 март

Санаи 7 марти соли ҷорӣ раиси Суди шаҳри  Бохтар Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод ҳайати занҳоеро, ки дар суди шаҳр кору фаъолият мекунанд бо Рӯзи модарон табриқ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Солҳои дароз аст, ки мақоми зан дар ҳокимияти судӣ, ба хусус дар суди шаҳри  зери таваҷҷухи хосса буда, барои фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, баҳри пешбарӣ дар вазифаҳои гуногун чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Суди шаҳри  Бохтар имрузҳо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, мақому манзалати занро дар ҳокимияти судӣ дастгирӣ намуда, барои фаъолияти занҳои фаъол шароити арзанда  фароҳам меоварад.