ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ШАҲРИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ  ХАТЛОН

 

16 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеъ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси суди шаҳри Бохтар муҳтарам Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, муовини якум муҳтарам Муҳидинзода Сафидин Салоҳ, муовини раис Алимзода Ҳанифа Акбар, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Чорабиниро Раиси суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х. оғоз намуда, доир ба хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон ибрози андеша намуда, баъдан тамоми кормандони судро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар идома муовини якуми раиси суди шаҳр Муҳидинзода С.С., муовини раиси суди шаҳр Алимзода Ҳ.А. судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳр дар мавзуъҳои гуногун ба бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар охири чорабини Раиси суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х. ҳайати кормандони суди шаҳри Бохтарро бори дигар бо ҷашни фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта дар фаъолияти кори ва амалисозии адолати суди комёбиҳоро  таманно намуданд.