Т А Ъ И Н О Т И М А Ҷ  Л И С И   С У Д Ӣ

 

Т А Ъ И Н О Т И

М А Ҷ  Л И С И   С У Д Ӣ

 

20 феврали соли 2024                                                         шаҳриБохтар

 

Суди шаҳри БохтаривилоятиХатлон

Дар ҳайати раисикунанда    Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод

Бо котибии                                 Ҷалилова Анора Сафархоновна

Дар маҷлиси ошкорои суди пешниход дар бораи ошкоро супорида шуда, эътироф намудани Ҳалномаи судиро, барраси намуда–

 

МУАЙЯН КАРД:

 

Бо ҳалномаи ғоибонаи суди аз 19 феврали соли 2024 бо даъвои Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич  нисбати Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳ.

Тибки талаботи моддаи 241 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нусхаи ҳалномаи ғоибона ба даъвогар ва ҷавобгар дар муҳлати на дертар аз 3 руз аз рузи қабули ҳалномаи ғоибона бо огоҳинома оид ба супоридани он ирсол мегардад».

Аз пешниходи котиби маҷлиси суди бармеояд, ки ҷавобгар Давлатова Латофати Қурбонали суроғае, ки дар аризаи даъвоги қайд карда шудаст, истиқомат намекунад ва ҷои дигари зисти у маълум нест.

Парвандаи мазкур аз сабаби номаълум будани ҷои зисти ҷавобгар Давлатова Латофати Қурбонали ба тартиби ғоибона барраси карда шудааст.

Мувофики талаботи моддаи 242 ҳамин кодекс бошад, «ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суде, ки ҳалномаи ғоибонаро қабул кардааст, оид ба бекор кардани ин ҳалнома ариза пешниход намояд.

Ариза оид ба бекор кардани халномаи ғоибона метавонад дар муҳлати 10 руз аз рузи ба ҷавобгар супоридани нусхаи ҳалномаи ғоибона, пешниҳод карда шавад. Аз талаботҳои моддаҳои мазкур бармеояд, ки барои он ки ҳалномаи ғоибона эътибори қонуни пайдо намояд, моддаи 248 КММ ҶТ, онро бояд ба ҷавобгарон супорид ва танҳо баъди гузаштани муҳлати шикоят он ба қувваи қонун медарояд.

Қонунгузор масъалаи дар ғоибии ҷавобгар барраси намудани парвандаро тибқи моддаи 121-и ҳамин кодекс ҳангоми номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар пешбини намуда, ҳалли дар қувваи қонун даромадаи ҳалномаи ғоибонаро нишон надодааст. Аз ин ру суд ба хулоса омад, ки вобаста ба ин масъала қисми 2-и моддаи 2 КММ ҶТ – амали қонунгузории мурофиавии судии маъдани дар замон –ро, ки дар сурати мавҷуд набудани меёрҳои ҳуқуқи мурофиави, ки муносибатҳои дар мурофаи суди ба вуҷуд ояндаро танзим менамоянд, суд меёрҳоеро, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамояд, (қиёси қонун)-ро татбик намояд.

Бинобар ин суд ба хулоса омад, ки оиди ошкоро супоридани ҳалномаи суди ба ҷавобгар тибки талаботи моддаи 2 қ. 2 ва 121-и КММ ҶТ оиди ба тариқи ошкоро супоридани ҳалномаи суди таъинот қабул намояд.

 

Бо дастрасии моддаҳои 2 қ. 2, 121, 229-230 Кодекси мурофиавии маъдании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд –

 

 

ТАЪИН КАРД:

 

Ба ҷавобгар Давлатова Латофати Қурбонали, ки дар шаҳри Бохтар, кучаи Ҷ.Абдуллоев, хонаи № 93 дар қайд буда, маҳалли вокеъии истиқомати у маълум нест, ҳалномаи ғоибонаи суди аз 19 феврали соли 2024 аз руи парвандаи оилавӣ  бо даъвои  Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич нисбати Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳто 19 марти соли 2024 ба тариқи ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.

Таъиноти мазкур бо нусхаи ҳалномаи ғоибонаи суди дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир карда шавад.

Нисбати таъинот дар муҳлати даҳ рӯз тавассути ҳамин суд ба Суди вилояти Хатлон шикояти хусусӣ овардан мумкин аст.

 

         

                           Судя:                                                                                          Бегмуродзода И.Б.