СУД ҲАБСРО ИҶОЗАТ ДОД

Ҳушдор

СУД ҲАБСРО ИҶОЗАТ ДОД

Садамаҳои нақлиётӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда маҳсуб меёбад. Зеро, давоми чанд соли охир бақайдгирии садамаҳои нақлиётӣ ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ва пиёдагардон зиёд ба мушоҳида мерасад. Маҳз беаҳамиятӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳу нақлиёт, ба ҷо овардани талаботи истифодаи нақлиёт ба садамаҳои нақлиётӣ ё садама оварда мерасонад. Вале, ҳоло дар бораи ҳолате ҳарф мезанем, ки як беэътиноӣ қабл аз ба ҳаракат овардани нақлиёт ба фавт ва ҳабс оварда расонид, ки ин ҳолат барои дигарон дарс буда метаовнад. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар бораи ҳолати рӯхдода ва иҷозати ҳабс аз тарафи Суд ба хонандаи азиз маълумот диҳем.

28 феврали соли 2023 тахминан соати 16:30 дақиқа ронандаи автомобили тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 86-58 BE 03, Нуриддинов Али Файзуллоевич, таваллудаш 05.09 соли 1991, сокини ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати деҳоти Пахтаобод, деҳаи Янгиобод, ҳангоми ҳаракат карданаш ба қафо дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хурдсол Журазода Мансур Фазлиддин, таваллудаш 17 сентябри соли 2021, сокини ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати деҳоти Пахтаобод, деҳаи Янгиободро пахш мекунад. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ пиёдагарди хурдсол Журазода М.Ф. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бояд қайд намуд, ки кӯдак Журазода Мансур ҳамагӣ 1 солаву 8 моҳа буда, дар ҳамсоягии Нуриддинов А. истиқомат менамуданд ва дар болои шағалтуда ба бозӣ   машғул будааст. Нуриддинов А. ҳангоми ба автомашинааш савор шудан, талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, қафои автомашинаро аз назар нагузаронида, автомашинаро ба қафо ронда кӯдакро пахш кардааст.

Нуриддинов Алӣ Файзуллоевич бо ин кирдори худ ҷинояти дар моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, муқаррар менамояд.

Ҷинояте, ки Нуриддинов Алӣ Файзуллоевич дар содир кардани он гумонбар дониста шудааст, тибқи талаботи қисми 5 моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи миёна мансуб аст. Ҳолатҳои парвандаро суд ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки баҳри пурра ва объективона гузаронидани тафтишоти пешакӣ   татбиқ намудани чораи пешгирӣ   дар намуди ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда Нуриддинов Алӣ Файзуллоевич қобили қабул мебошад.

Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки қабл аз ба ҳаракат даровардани нақлиёт назорати техникии нақлиёт, аз назар гузаронидани гирду атрофи нақлиётро риоя карда, сипас онро истифода барад.

Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ,

муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар