Сиёсати давлатии ҷавонон – ТАЪСИРИ ҚОНУН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ва ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро 13 майи соли 1992, №562 қабул кардааст. Қонуни мазкур дар раванди инкишофи замони муосир 15 июли соли 2004, №52 дар таҳрири нав қабул гардид. Маҳз ин аст, ки сол аз сол дастоварду  муваффақиятҳои ҷавонон, мақому манзалати онҳо, сатҳи донишу фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ ва касбу ҳунаромӯзиву фаъолияташон беҳтару хубтар мегардад.

Боиси таасуф аст, ки дар ин баробар ҷавононе низ ҳастанд, ки ба ивази истифода кардан аз имкониятҳои мавҷуда ва беҳтар намудани сатҳи зиндагиву фаҳмиши худ, баракс оид ба аксари масъалаҳо куркурона рафтор намуда, ба андешаҳои пучу бемағзи ифротгароён дода мешаванд. Ҳол он ки ҳар як ҷавони саодатманди диёрро зарур аст, ки аз имконияти таҳсил дар макотиби олии дохилу хориҷи мамлакат, стипендияҳо, квотаи Президентӣ, грантҳо ва шароитҳои корӣ истифода карда, сатҳи зиндагии худро хуб намуда, бо донишу фаҳмиш ва маҳорати худ дар ободониву пешрафти кишвар саҳмгузорӣ намоянд. Талаботи қонунгузориро дар сатҳи лозима иҷро кунанд.

Ёдовар бояд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, муайян мекунад.

Боиси хурсандист, ки ҳамасола санаи махсусе чун “Рӯзи ҷавонон” ҷашн гирифта мешавад, ки дар доираи он як қатор ҷамъомаду чорабинӣ ва вохӯриҳо доир карда мешаванд. Дар чорабинӣ ва мулоқотҳои мазкур намояндагони мақомоти судӣ низ иштирок намуда, оид ба иҷроиши қонунгузорӣ аз тарафи ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба ҷинояткорӣ даст задани ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҷавононро дар тамоми соҳаҳо ва ташкилотиу муассисаҳо, ҳавасмандгардонии онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додаанд. Ин аст, ки дар мақомоти судӣ низ ҷавонони зиёде кору фаъолият намуда истодаанд.  Дар арафаи ҷашнгирии “Рӯзи ҷавонон” як қатор ҷавонони фаъолу пешсафи мақомоти судӣ мавриди қадрдонӣ қарор дода мешаванд.

Раиси Суди шаҳри Бохтар

Ёқубзода Абдураҳмон