Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Норак маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар ин маърака Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси коллегияи ҳарбӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳотам Назар, роҳбарияти Суди вилояти Хатлон,раиси Суди шаҳри Бохтар муҳтарам Бегмуродзода И.Б., муовинони раиси суди шаҳр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Бохтар иштирок варзиданд.

Дар баробари дигар судҳои вилояти Хатлон бо саҳмгузории Суди шаҳри Бохтар дар масоҳати зиёда аз 3 гектар замин беш аз 3 ҳазор дарахтони гуногуни  соядиҳандаи беҳосил шинонида шуд, ки ин барои муҳити зисти шаҳри Норак таъсири хуби экологӣ мерасонад.