Дилбастаги ба бозиҳои букмекерӣ, шахсро ба содир намудани ҷиноят оварда расонд.

Парвандаи ҷиноятӣ   нисбати Хайруллоев Нусратулло Насруллоевич бо моддаи 245 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Бохтар ворид шуда, тафтишоти судӣ   муайян кард, ки шаҳрванд Хайруллоев Н.Н. рӯзи 18 июли соли 2020, соати 08:00 дақиқа бо ҳамроҳии соҳибкор Шарипов Ҳасан Ҳабибуллоевич, ки бо ӯ ҳамчун ёрдамчӣ   кору фаъолият мекард, ба мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи фармоиши соҳибкорон маҳсулоти тамокуи гуногунтамға дастрас намуда, ҳамзамон аз онҳо маблағҳои маҳсулотҳои пештар дастрас кардаашонро ҷамъоварӣ   кардаанд. Худи ҳамон рӯз, соати 15:00 дақиқа пас аз анҷоми кор онҳо якҷоя ба воситаи автомашинаи шахсии соҳибкор Шарипов Ҳ.Х. тамғаи «Опел-астра», рақами давлатиаш 51-16 НН 03 ба назди бозори ҶДММ Ҳоҷи Шарифи ш.Бохтар рафта, автомашинаро дар истгоҳи воситаҳои нақлёт гузошта, ба шаҳрванд Хайруллоев Н.Н. гуфтааст, ки бо сабаби кор доштанаш ба шаҳри Душанбе меравад. Шарипов Ҳ.Ҳ. аз шаҳрванд Хайруллоев Н.Н. хоҳиш кардааст, ки то омаданаш воситаи нақлётро нигоҳубин намояд, зеро дар дохили он маблағи 48000-сомонӣ   аз маҳсулотҳои тамоку мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, Шарифов Ҳ.Ҳ. ҷойи маблағро ба ҳамкораш Хайруллоев Н.Н. нишон дода, калиди автомашинаашро ба ӯ  супорида, худаш ба ш.Душанбе рафтааст.

Шаҳрванд Хайруллоев Н.Н. пас аз рафтани ҷабрдида Шарипов Ҳ.Ҳ. ба худ нияти бурд кардани маблағи калон бо роҳи бозӣ   намудан дар марказҳои букмекерӣ   аз рӯи маблағҳои ба ӯ бовар карда супоридаро карда, бо ин роҳ   ба даст овардани фоидаи муфтро таҳрезӣ   кардааст. Сипас, ӯ    бо мақсади ғаразнок бо истифода аз фурсати муносиб маблағҳои ба ӯ  бовар карда супоридаро аз дохили автомашинаи мазкур пурра азони худ намуда, дари автомашинаро махкам карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Баъдан ӯ ба марказҳои букмекерии ҶДММ «Формула 55» ва «Рахш» воқеъ дар кӯчаи Норинов ва Логиноваи шаҳри Бохтар рафта бозӣ   карда, як қисми маблағро бой додааст. Сипас ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рафта, дар он ҷо низ ба бозиҳои бекмекерӣ   машғул шуда, маблағҳои азони худ кардаашро пурра бой дода, бо ин кирдораш ба ҷабрдида Шарипов Ҳ.Ҳ. ба маблағи 48000-сомонӣ   зарари калони моддӣ   расонидааст.

Дар рафти баррасии парванда маблағи зарар ба миқдори 48000-сомонӣ   ба фоидаи ҷабрдида Шарипов Ҳ.Ҳ. пурра барқарор карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 9 ноябри соли 2020, Хайруллоев Нусратулло Насруллоевич дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 245 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи нуҳсаду дувоздаҳ   нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба панҷову ду ҳазору ҳашсаду наваду шаш сомонӣ   ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ   ба муҳлати ду сол, таъин карда шуд.

(Судя Иброҳимзода Д.Б.)