Санади  суди  шаҳри  Бохтар  вилояти  Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати  Нурализода Шарифбек Нурали  бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди ш.Бохтар ворид шуда, тафтишоти суди муаян кард, ки шаҳрванд Нурализода Ш.Н. бо фармони сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таҳти №64 оид ба ҳайати шахсӣ аз 16 январи соли 2020 дар вазифаи корманд-мутахасиси бюрои назоратӣ-гузарномави Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати мазкур фаъолият карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварӣ   шаҳрвандон даромада, такроран ба тасарруфи молу мулки ғайр бо расонидани зарари моддӣ   ба миқ  дори калон,  даст ба содир кардани ҷиноят задааст.

Чунончи ӯ, тавассути ноболиғ   Холмуродзода Беҳруз Юсуф, таваллудаш 27 майи соли 2003, сокини ноҳияи Хуросон, бо модари охирин шаҳрванд Салихова Гулнора Нормуратовна, сокини суроғаи боло, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ   дар ҶДММ «Фаровон»-и шаҳри Бохтар фаъолият менамояд шиносоӣ   пайдо карда, минбаъд ҳамчун корманди милитсия аз боварии шаҳрванд Салихова Г.Н. сӯиистифода карда, аз охирин ва писараш ноболиғ   Холмуродзода Б.Ю., ки дар таъминоти номбурда қарор дорад, бо роҳи фиреб бо мақсади ба тиҷорат машғул шудан, аз моҳи май то санаи 12 июни соли 2020 давра ба давра дар 8 ҳолат ҷамъ ба маблағи 20 000 сомониро дар ҳудуди шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ   тасарруф карда, ба манфиати шахсияш хароҷот намуда, ба шаҳрванд Салихова Г.Н. зарари моддӣ  ба миқдорӣ   калон расонидааст.

Боз ӯ такроран, 15 июни соли 2020 ҳамчун корманди милитсия аз боварии шаҳрванд Файзалиев Расул Раҳматулоевич, ки дар ширкати мусофиркашонии «Рахш-таксӣ»-и шаҳри Бохтар фаъолият мекардааст сӯиистифода карда, тавассути охирин ва шаҳрванд Худойбердиев Парвиз Худойбердиев, ба боварии шаҳрванд Эмомҷонов Юсуфхуҷа Довутхуҷаевич, даромада, аз шаҳрванд Эмомоҷонов Ю.Д. маблағи 10 000 сомониро дар суроғаи боло бо мақсади оғози тиҷорат тасарруф карда, минбаъд ба манфиати шахсияш хароҷот намуда, ба охирин зарари моддӣ   ба миқдорӣ   калон расонидааст.

Боз ӯ, такроран тахминан санаи 25 июни соли 2020 дар ин навбат бевосита ба шаҳрванд Эмомҷонов Ю.Д. муроҷиат карда, аз охирин оиди дар фаъолияти кориаш ба мушкилӣ   дучор омадан маблағи 1000 сомонӣ   талаби қарз карда, аз шаҳрванд Эмомҷонов Ю.Д. дар натиҷа маблағи 800 сомонӣ   тасарруф карда, ба манфиати шахсияш хароҷот менамояд.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 06 январи соли 2021 Нурализода Шарифбек Нурали дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ва бо дастрасии моддаи 63 ҳамин Кодекс ҷазои ҷарима ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба ёздаҳ ҳазору шашсад сомонӣ   ба фоидаи давлат, бо маҳ  рум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба мақомоти милитсия ба муҳлати ду сол, таъин карда шуд.

(Судя Муродзода М.)