Санади суди ш.Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати  Қосимхоҷаев Умедҷон Эминович, бо моддаҳои 200 кисми 4 банди “а” ва 205 қисми 2 банди “а”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ворид шуда,  тафтишоти суди муаян кард, ки Қосимхоҷаев У.Э. тахминан аввалҳои моҳи майи соли 2020, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз “Рустам” ном шахс, ки ному насаби пурра ва ҷойи зисти аниқаш ба тафтишот номаълум як миқдор воситаҳои нашъадори навъи «Ҳашиш»-ро бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан ва бо ин роҳ ба даст овардани фоидаи муфт ба маблағи 3000-(се ҳазор) сомонӣ      харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онро ба воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ ба шаҳри Бохтар, ба манзили зисташ интиқол дода, онҳоро дар ду ҷойи хилвату ноайёни ҳуҷраҳои манзилаш бо мақсади дар оянда истеъмои худ ва ба соҳибияти каси дигар додан пинҳон карда, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст. Пасон, ӯ як миқдор воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”-и аз Рустам ном шахс харидорӣ намудаашро дар вақтҳои лозимӣ истеъмол намуда, як миқдори дигарашро ба шаҳрвандон Эмомов Даврон Маҳмадович, Раҳимов Тилохон Давлатович, Ҷуразода Гулофарид Идибек, Собиров Муродулло Камолович, Раҷабов Абубакр Самандарович ва дигар шахсони ному насаб ва ҷойи аниқашон ба тафтишот номаълум бар ивази маҳсулотҳои хӯрокворӣ иваз ва ба маблағҳои пулии гуногун фурӯхта, маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона ба даст овардаашро ба манфиати  шахсии худ сарф кардааст.

Доир ба муомилоти воситаҳои нашъадор бевосита машғул будани ӯ  аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухадири РВКД дар вилояти Хатлон, маълумоти оперативӣ      гирифта шуда, барои муайян ва ошкор кардани ин фаъолияти ғайриқонунии ӯ санаи 17 майи соли 2020, тахминан соати 19:45 дақиқа аз рӯи маълумотҳои оперативии ҷойдошта манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар суроғаи боло зикршуда азназар гузаронида шуд. Зимни азназаргузаронӣ      аз дохили ҳуҷраҳои ҷойи зисташ аз дохили матраси рахти ҷойи хобаш ва аз дохили ҷевони худсози дар қисмати болоии дари даромадгоҳи ҳаммомхона ва ҳоҷатхона ҷойгир буда, ду бастаҳои селофани полиэтилении рангашон сиёҳи дар дохилашон як миқдор воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”-и мавҷуд буда, дарёфт карда шуда, дар ҳузури шахсони холис ҳамчун далели шайъи гирифта шуд.

Мувофиқи хулосаи коршиноси кимиёвии РАНМН назди призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, таҳти № 70 аз 19.05.2020 сол маводҳои аз манзили истиқоматии Косимхоҷаев У.Э. гирифта шуда ба воситаи нашъадори навъи «Ҳашиш», мансуб буда, вазни он 48 (чилу ҳашт)-граммро ташкил додааст.

Ба ғайр аз ин ӯ, такроран тахминан моҳи феврали соли ҷорӣ бо мақсади бе ягон мамониат фурӯхтани воситаҳои нашъадор ва бо ин роҳ ба даст овардани фоидаи муфт яке аз хуҷраҳои манзили истиқоматии худ, воқеъ дар суроғаи боло зикршударо ба фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор табдил дода, дар он ҷо мунтазам ба ашхосони истеъмолкунандаи воситаҳои нашъадор барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ӯ муддати тӯлони шаҳрвандон Эмомов Даврон Маҳмадович, санаи таваллудаш 01.11.1986, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, бинои 144, ҳуҷраи 11, Раҳимов Тилохон Давлатович, санаи таваллудаш 30.08.1994, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои 60, ҳуҷраи 197, Ҷуразода Гулофарид Идибек, санаи таваллудаш 03.03.2001, сокини ноҳияи Вахш, деҳоти Тоҷикобод, деҳаи Сохтмон, Собиров Муродулло Камолович, санаи таваллудаш 23.03.1981, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои 56, ҳуҷраи 15, Раҷабов Абубакр Самандарович, санаи таваллудаш 08.07.1988,  сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, бинои 47, ҳуҷраи 16 ва дигаронро барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ба манзили истиқоматиаш даъват намуда, мунтазам ба онҳо бар ивази маблаги пулӣ      ва маҳсулотҳои хӯрокворӣ воситаҳои нашъадор таъмин намуда, ҳамзамон ба онҳо барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам овардааст ва дар навбати худ шахсони дар боло зикршуда дар вақтҳои лозимӣ ба фасодхонаи ташкилнамудаи ӯ рафта, дар он ҷо бе ягон мамониат бо таъминоти моддӣ  воситаҳои нашъадор истеъмол карда, талаботи худро оид ба истеъмоли ин гуна воситаҳои ба саломатии инсон хавфнок буда, қонеъ кардаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар Қосимхоҷаев Умедҷон Эминович бо моддаҳои 200 қисми 4  банди “а” ва 205 қисми 2 банди “а” КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон   гунаҳгор дониста шавад.

Ба Қосимхоҷаев  Умедҷон Эминович мувофиқи моддаи  200 қисми 4 банди “а” КҶ   Ҷумҳурии Точикистон  ба муҳлати 15 (понздаҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озоди таъин карда шавад.

Ба Қосимхоҷаев  Умедҷон Эминович бо моддаи 205 қисми 2 банди “а” КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муҳлати 5 (панҷ)  сол ҷазои маҳрум сохтан аз озоди  таъин карда шавад.

Бо татбиқи моддаи 67 қисмҳои 1,3 КҶ   Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ҷазои ниҳои нисбати Қосимхоҷаев Умедҷ он Эминович ба муҳлати 15 (понздаҳ) солу 6 (шаш) моҳ маҳрум сохтан аз озоди бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Далели шайъи 48 (чилу ҳашт) грамм воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш”, ки дар Амбори Марказонидашудаи ШТ РВКД дар вилояти Хатлон Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд баъди эътибори қонунӣ   пайдо кардани ҳукм  бо роҳи сузонидан маҳв карда шавад.

(Муовини раиси суди ш.Бохтар Алимзода Ҳ.А.)