САБАБ ВА ОМИЛҲОИ БА МИЁН ОМАДАНИ СОХТМОНИ ХУДСАРОНА АЗ ТАРАФИ ШАҲРВАНДОН АНҶОМ ДОДА

Дар асоси банди 3 нақшаи кории суди шаҳри Бохтар дар соли 2020 ҷамъбастии амалияи судӣ   оид ба баррасии парвандаҳои гражданӣ   вобаста ба эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ   ба сохтмони худсарона, ки дар соли 2020 баррасӣ   шудаанд, гузаронида шуд.

Омӯзиш нишон дод, ки дар соли 2020 ҳамагӣ 70 адад парвандаҳои мазкур барои баррасӣ   қабул шуда, аз ин шумора 58 адад аризаҳо қонеъ гардонида шуда, 1 адад ариза бебаррасӣ   мононда шуда, 11 адад ариза мавриди баррасӣ   дар пешбурди суд қарор дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки масъаллаҳои вобаста ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона дар моддаи 246 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, мутобиқи он, сохтмони худсарона – сохтмони хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқуле мебошад, ки дар қитъаи замини мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ   барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бидуни гирифтани иҷозати зарурӣ   ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ   бунёд шудааст. Шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, ба он ҳуқуқи моликӣ   пайдо намекунад, ӯ ҳуқуқ   надорад чунин биноро ихтиёрдорӣ   кунад, тӯҳфа намояд, ба иҷора супорад ва дигар аҳдҳоро анҷом диҳад.  Иморат бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби ӯ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур, вайрон карда мешавад. Ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷом дода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқ  итартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад. Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ   ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад.

Омӯзиши парвандаҳои баррасигардида нишон дод, ки судяҳои суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ   вобаста ба эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ   ба сохтмони худсарона талаботи Конститутсия, Кодексҳои гражданӣ ва мурофиаи гражданӣ, дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарори дар боло зикршудаи Пленуми Суди Олиро, ки масъалаи мазкурро ба танзим медароранд, ба роҳбарӣ   гирифта, санадҳои қонунию асоснок қабул намудаанд.

Масалан, бо ҳалномаи суди шаҳри Бохтар аз 15 октябри соли 2020 аризаи Маҷидов А. оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона, қонеъ карда шуда, ҳуқуқи моликиятии ӯ ба манзили истиқоматии худсарона сохташуда, воқеъ дар шаҳри Бохтар маҳаллаи Ҷ.Румӣ – 1  хонаи 317, ҷойгир буда аз се ҳуҷраи зист бо масоҳати умуми сохтмонаш 90, 5 м2,  масоҳати зисташ 56,3 м2 масоҳати иншоотҳои ёрирасонаш 34,2 м2, мебошанд, манзили мазкур дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ  бунёд шудааст, эътироф карда шудааст.

Суд муқ аррар намудааст, ки бо қарори Раиси ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён аз 18.10.2007 сол таҳти №495, хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, ҳозира дар ҳудуди шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ҷ.Румӣ хонаи 317 бо масоҳати 110,46 м2, ки  аз тарафи комиссия аз рӯи ҳисобот бепул арзёбӣ шудааст, ба истиқоматкунандаи ин хона, яъне ба аризадиҳанда Маҷидов А. ба тариқи ройгон (бепул) хусусӣ   гардонида шуда, дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён баҳисобгирии қитъаи замини наздиҳавлигии аризадиҳанда Маҷидов А. дар ҳаҷми 0,06 га қитъаи замин, воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда тасдиқ   карда шудааст.

Инчунин мувофиқи хулосаҳои сармуҳандиси КДФ “Обтаъминкунӣ   ва канализатсияи шаҳри Бохтар”, сардори ҚМ 21 – уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти оташнишонӣ   оид ба муҳофизати шаҳри Бохтар ва сармуҳандиси Идораи барқи шаҳри Бохтар дар мавзеи қитъаи замини манзили истиқоматии аризадиҳанда Маҷидов А. воқеъ дар шаҳри Бохтар маҳаллаи Ҷ.Румӣ хати оби нушокӣ, канализатсия ва интиқоли барқ нагузашта, манзили мазкур ба талаботи Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ   аз сухтор ҷавобгӯ  мебошад.

Ҳамзамон мутобиқи мактуби раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар қитъаи замини наздиҳавлигии аризадиҳанда Маҷидов А. ба заминҳои корами обӣ   алоқамандӣ   надоштааст.

Аз руи маълумотҳои Идораи кумитаи замин ва шуъбаи шаҳрсозии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сохтмони худсарона анҷом додаи аризадиҳанда Маҷидов А. ба меъёри қоидаҳои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз руи парвандаҳои баррасишуда боҷи давлатӣ аз арзиши муайяншудаи манзили истиқоматии худсарона сохташуда, ки бо хулосаи ташхиси судӣ-сохтмонӣ аз рӯи нархи бозоргонии манзил муайян шудаанд, ба фоидаи давлат сари вақт рӯёнида шудааст.

Асос ва пайдоиши чунин аризаҳо оид ба эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ   ба сохтмони худсарона дар он аст, ки шаҳрвандон пас аз гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ   бе иҷозати шуъбаи меъморӣ   ва шаҳрсозии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   ва гирифтани хулосаҳои лозима аз идораҳои дахлдор ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ худсарона шурӯъ кардаанд, зеро шуъбаи меъморӣ   ва дигар мақомотҳои дахлдор вазифаҳои худро доир ба пешгирӣ   намудани шуруъ кардан ба сохтмони худсарона аз тарафи шаҳрвандон ба таври дахлдор иҷро накарда, ба таври зарурӣ   корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ   низ байни аҳолии шаҳри Бохтар нагузаронидаанд.

Аз ин рӯ  аз ҷониби суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар баробари гузаронидани ҷамбастӣ амалияи судӣ   вобаста ба сохтмони худсарона баҳри пешгирӣ аз чунин омилҳо нисбат ба фаъолияти шӯъбаи меъморӣ   ва шаҳрсозии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар ва чораҳои дахлдори қонунӣ андешидан ба унвони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  пешниҳод ирсол гардид.

(Судя Ғафориён Т.В.)