Рӯзи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

       Мансаби  Призидентӣ   муқаррароти конститутсионӣ   буда,  дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ   интихоб шудан ва лаҳзаи  ба фаъолят шурӯ ъ намудани Президент муқарар гардидааст.

Аз ҷумла меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ   менамояд, ки  Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ   ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рузи  ид муаян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақ  дирсоз муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими навбатӣ, яъне тибқи конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ   оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмину сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обуруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъоляти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ   дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои тарихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, субботу осоиштаги ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обуруву мақоми давлатиашон нақши абадӣ гузоштаанд. чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ   Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз  мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрузашро ҳамчун  рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар сарҷ  амъкунандаи миллату мардумсолар, амалсозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ   шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда чун рамзи садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Воқеъан, хизматҳои шахсияти беназири Эмомалӣ   Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарори ҳокимияти сиёсии давлатӣ   ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомуш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ  гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он рушду  инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем. Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон хеле воло аст.

Бо назардошти иқдому ташабусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву суббот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, кабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ  – Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ–Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ  ва ҳуқуқи миллии Тоҷикистон мебошад.

 

 

Муовини  раиси суди шаҳри Бохтар

Алимзода Ҳанифа Акбар.