РӮЗҲОИ ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 10 апрели соли ҷорӣ дар Суди шаҳри Бохтар шанбегӣ бо иштироки роҳбарият , судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Бохтар баргузор гардид.

 

Бо мақсади тоза нигоҳ доштани роҳрави назди бинои суди шаҳр ва дохил ва беруни он дар шанбегӣ гузаронида, роҳрав, ҷӯйбори назди биноро тоза карда, дарахтон рангу бор карда шуданд.

Толорҳои маҷлиси судӣ ва утоқҳои корӣ тоза карда шуда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои профилактикӣ гузаронида шуда истодааст.

Дар тоза ва озода нигоҳ доштани саҳни ҳавли ва бинои Суди шаҳр дастаҷамъона ҳамаи кормандон саҳми худро гузоштанд.

Дар оянда низ чунин шанбегиҳо гузаронида шуда, назди бино ва дохили он ҳамавақт дар ҳолати тоза нигоҳ дошта мешавад.