ПЕШГИРИИ НОБОЛИҒОН АЗ ҶИНОЯТКОРӢ

Ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем. Махсусан қайд намуд, ки дар ин ҷода саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст. Зеро ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дош-

танд: «Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад». Дар ҳақиқат, тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои ин насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти ҷаҳонро хатари калон таҳдид

мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Хотиррасон бояд кард, ки мувофиқи меъёрҳои илмӣ-ҳуқуқӣ ҷинояти ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, ба синни 18 нарасидааст. Ҳамасола ҷиноятҳои содиршударо бо иштироки ноболиғон дар муқоиса бо солҳои пешин муҳокима мекунем ва хулоса мебарорем. Бояд хулоса барорем ва дақиқ кунем, ки бо кадом роҳ ин амалҳои номатлуб бояд решаканд карда шаванд?

Зеро ҷиноят, он хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург, доимо хатар дорад. Барои ҳалли ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи ноболиғон ба назар гирифтани як қатор омилҳо аз манфиат холӣ нест. Бахусус, фаъол гардонидани нақши равоншинос дар оила, омода намудани дастуру тавсияҳо доир ба пешгирии ҷиноятҳои гуногун, ҷалби волидон тавассути чорабиниҳои гуногун, ташкилу вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, фарҳанг, мақомоти низомӣ, собиқадори меҳнат ва фаъолони ҷомеа, баргузории семинару маҳфилҳо бо мақсади баланд бардоштани донишҳои равонии падару модарон, баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳал ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ҳаёти ноболиғон лозим мебошанд.Боварӣ дорем, ки чунин имкониятҳо мета

вонанд ноболиғонро аз даст задан бар ҳар гуна амали ноҷо ва ҳуқуқвайронкунӣ ҷилавгирӣ намуда, онҳоро ба дарки моҳияти қонун, хатари ҷинояткорӣ, озодии виҷдон, покизагии ахлоқ, эҳтиром ба қонун, волоият ва иҷрои бемайлони он водор хоҳад кард.

 

Акмал Чилазода,

муовини раиси Суди шаҳри Бохтар