Пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 (Коронавирус) ва безараргардонӣ 15.05.2020 сол

 

15 майи соли 2020 дар бинои Суди шаҳри Бохтар баъди гузаронидани корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Бохтар бо мақсади пешгии бемории сироятии пандемияи КОВИД-19 (Коронавирус) корҳои профилактикӣ-дезинфексионӣ гузаронида шуда,  утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлисгоҳи суд бо доруи махсус безарар гардонида шуда, бо супориши роҳбарияти суди шаҳри  барои ба пояфзоли тоза вориди бинои суди  шаҳри  шудан дар даромадгоҳи бинои суд таҷҳизоти махсуси аз тахта сохташуда, ки дохилаш аз матои карбосии бо маҳлули «Хлор» омехташуда пахш карда шуда, ҳамарўза барои пешгиӣ ва эмин нигоҳ доштани саломатии кормандон ва шахсони ба суд ташрифоварда бо ҳароратсанҷ санҷида баъдан ба дохили бинои суд ворид мешаванд аз ин хатари умумиҷаҳонӣ, тамоми чораҳои безараркунонӣ андешида шуда истодааст.