ПАРЧАМ  РАМЗИ  ҲАЁТИ  ОСОИШТА

Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1992 то 2 декабри соли 1992 баргузор гардида, дар он як қатор санадҳо қабул гардиданд, ки қабули онҳо ба оғози таъврихи навини халқи тоҷик замина гузошт. Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 24 ноябр, ки ҳамзамон дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба фарози 165 метр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе қомат афрохтани Парчами давлатӣ, воқеаи муҳими сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Дар маросими қомат афрохтани Парчами Давлатӣ Эмомалй Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки «Аҷдоди мо ҳануз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад». Ин суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дили ҳар як тоҷику тоҷикистониро гарм намуда, ифтихори ватандориро меафзояд. Парчами миллӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқадассоти ҳалқу Ватани мо барои хар тоҷику тоҷикистонӣ  азизу муқаддас  аст.

Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 озмуни ҷумҳурияивиро оид ба эҷоди рамзҳои давлатӣ эълон дошта, аъзои Комиссияи рамзҳои давлатиро тасдиқ кард, ки раисии ин комиссияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Муҳаммад Осимӣ сарварӣ мекард. Маводҳои зарурӣ оид ба Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар мӯҳлати муайяншуда омода гашта, барои тасдиқ ба Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  гардид.

Дар Ичлосияи мазкур 24 ноябр вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи рӯзномаи Иҷлосия ба баррасӣ ва тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карда, дар ин хусус устодон Муҳаммад Осимӣ, Муъмин Қаноат, Даврон Ашуров ва дигарон баромад карданд ва зери кафкубиҳо Парчами давлатии Тоҷикистон тасдиқ  гардид.

Парчами давлатӣ аввалин рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, баъдтар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қабул карда шуданд. Баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлолияти сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ гашта, бори нахуст 24 ноябри соли 2009 санаи қабули Парчами давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори  ҳамагон аст. Парчами давлатӣ аз рангҳои сурх, сабз ва сафед иборат буда, тавсифи рангҳо низ ҷолиб, яъне ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳо,  равшанӣ, сурхрӯӣ, ранги сафед рамзи сулҳу оромӣ, бахту иқболи  сафед  ва ранги сабз рамзи сарсабзию хуррамӣ  мебошад.

Дар байни парчам тасвири зарҳалии тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷи заррин нишо-наи тоҷ бар cap будани халқи тоҷикро ифода намояд, пас рамзи ҳафт барои халқи тоҷик рамзи бахосият аст: ҳафт сайёра (Офтоб, Моҳ, Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Зуҳра ва Аторуд), ғала ситораҳои Ҳафт додарони калон ва хурд, ҳафт рузи ҳафта, ҳафт ранги  аслӣ. Сарбаландии халқу миллат аз баландии Парчами миллии мост, зеро ҳамаи дастовардҳои бузург аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, таҳти парафшонии Парчами давлатӣ сурат мегирад. Бо афзун гардидани обруву эътибори Ватани соҳибистиқлоламон эҳтироми мо ба муқаддасоти давлатӣ-Парчами миллиамон боз ҳам бештару қавитар мегардад.

Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ

муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар