ПАЁМ САНАДИ РАСМИЕ, КИ МОРО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тадбирҳои муассир ҷиҳати рушду ташаккул ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, андешидани тадбирҳои муассир дар масири пешрафту тараққиёти иқтисодӣ иҷтимоии мамлакат, амалисозии барномаву стратегияҳои миллӣ ва ҷумла, ҳадафҳои бузурги ояндасозӣ,  аз Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегиранд, ки ин санади муҳими барномавӣ тамоми самтҳои давлатдории моро соҳа ба соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дурнамои минбаъдаро дар масири рушду нумӯи имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азизамон муайян месозад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, Сарвари давлат дар баробари таҳлилу баррасии як соли пешбурди давлатдорӣ, сиёсати муваффақонаи дохилию хориҷӣ ва таъмину пешрафтҳои тамоми соҳаҳои мамлакат, инчунин, ҷиҳати ҳаллу фаслу масоили ҳалталаби ҷомеа ва тамоми ҷанбаҳои рӯзгору фаъолияти мардум  вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.

Чуноне, ки Дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд. Дарвоқеъ ҳам, ҳамасола зиёд намудани ҳаҷми ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва таваҷҷуҳ ба солимгардонии аҳолӣ, инчунин, дастгирии рушди соҳаи маориф, ки муҳимтарин омили баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокӣ ва ба ин васила фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Бодарназардошти моҳияти рушди илму маориф дар пешрафту инкишофи тамоми  соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини ояндаи дурахшони кишварамон Роҳбари давлат дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат арзёбӣ намудаанд. Бинобар ин, дар баробари сол аз сол зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои меҳварӣ, ки ба пешрафту ободии давлат ва таълиму тарбияи насли босаводу тавоно ва ояндасози Ватани азизамон мусоидат менамояд, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём таваҷҷуҳи ҷомеаро ба  соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кардани фарзандон ҷалб намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

Яке аз муҳимтарин нуктаҳои меҳварии Паёми имсолаи Президенти мамлакат тадбирҳои андешидашуда дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар арзёбӣ мегардад, ки баҳри татбиқи ин  ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамасола тадбирҳои ҷавобгӯи замони муосир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти маҳбуби кишварамон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин,  боқӣ соҳаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Илова бар ин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.

Ҳамчунин, дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадор намуданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд. Вобаста ба ин Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад”.

Умуман, дар радифи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ба рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳкими қонуният ва дигар масъалаҳои умдаи ҷомеа, ҳамзамон, сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти муҳим дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд. Ба инобати нақши муҳими ҷавонон дар рушду пешрафти Тоҷикистон ва дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ва ба воя расидани онҳо Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём чунин изҳор доштанд, ки; “Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем”.

Боиси ифтихору сарфарозии мо, бонувони саодатманди даврони Истиқлол аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди давлатдорӣ ба неруи хастанопазири зан-модарон эътимоди бузург дошта,  дар сиёсати иҷтимоии давлат масоили вобаста ба занону духтаронро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор додааст. Самараи тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияву омода намудан ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани занону духтарони лаёқатманд буд, ки имрӯз ҳузури фаъоли бонувон дар арсаҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда баръало мушоҳида мегардад.

Бинобар ин, ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориву бовариҳои Сарвари давлат нисбат ба бонувон, ҳар яки мо занону духтарони худогоҳу хештаншиносро мебояд, ки дар баробари фаъолияти пурсамари касбӣ ва саъю кӯшиш дар тарбияи фарзандони солеҳ, ҳамвора, дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа, ба хусус, муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пешоҳангони ҷомеа бошем. Дар ин масири ифтихори миллату давлатдорӣ ҳар яки моро донишу касбияти баланд, завқ рағбати ҳамешагӣ ба бозомӯзиву такмили касбу ҳунар ва ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ мебояд, то ин ки сазовори боварии Пешвои муаззаме хеш бошем, ки дар Паёми навбатӣ иброз доштанд:  “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.

Шерализода Зебонисо, судяи суди шаҳри Бохтар