Паём – калиди муваффақиятҳо

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саропо пур аз маънӣ, ҳидояту андарз буда, барои ҳар як фарди бомаърифату хушбин калиди муваффақиятҳост. Зеро, хурду бузурги кишвар метавонанд, ки бо истифода аз тамоми нуктаҳои таъкидгардидаи Паём дар ҳамаи самтҳои шоҳроҳи зиндагӣ ба қуллаи мақсуд бирасанд. Бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ ва нузукбинӣ Паёми Роҳбари давлатро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, нуктаҳои муҳимро дар кору зиндагӣ истифода карда метавонем.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омада- аст: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегар- дад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт ха- лалдор мегардад». Бале, бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Мо-мураббиҳои кӯдакистонҳо низ аз ин Паём рӯҳу илҳом гирифта, ҷиҳати тар-бияи насли ояндасоз саҳм мегузорем. Гулрухсор Раҳмонова, мудири муассисаи давлатӣ-таълимӣ томактабии №9 – и шаҳри Бохтар паёми роҳнамо Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешраф-ти бомароми соҳаҳои муҳимми  ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асо- ситарин ва афзалиятноки сиёса- ти худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Масалан, дар Паёми навбатии Пеш- вои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб раф- та, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро за- рур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд. Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бо- зори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд”. Яъне, ин гувоҳи он аст, Президенти мамлакат ба сатҳи зиндагии сокинон ва соҳибкасб намудани онҳо таваҷҷуҳи асоси до- шта, ҳамеша дар баромаду Паёмҳояшон баҳри мусоидат ва беҳтар кар-дани сатҳи зиндагии аҳолӣ дастуру супоришҳои қатъи медиҳанд. Дар ин ҷода дар асоси дастури Роҳбари давлат таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон вазифадор гардиданд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Ин аст, ки дар саросари мамлакат барои бо ҷойҳои нави корӣ таъмин наму-дани аҳолӣ тадбирандешӣ гардида, биноҳои наву замонавӣ, корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Дар ин росто, ҳукумати мамлакат, мақомотҳои маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида саҳмгузорӣ кар- да истодаанд, ки аз дастури Пешвои миллат сарчашма мегиранд. Ҳоло хуб аст, ки гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳӣ вохӯриҳои иттилоотӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида истодаанд, ки дар онҳо самтҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, Паёми навбатӣ дар нашрияҳо ва дар шакли китобчаҳо ба табъ расида, дастраси аҳолӣ гардида истодааст, ки ин ҳам ба нафъи сокинони мамлакат мебошад. Зеро, дар ин маврид ҳар як шаҳрванди кишвар аз Паём дар кору зиндагии хеш чун калиди муваффақиятҳо истифода намуда метавонад.

Акмал ЧИЛЛАЗОДА,

муовини раиси Суди шаҳри Бохтар