ҚОНУН МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОНРО ДУЧАНД НАМУД

Бо мақсади пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуб, беҳтар намудани таълиму тарбияи онҳо, ҷалби падару модар ба тарбияи фарзанд, дар якҷоягӣ мубориза бурдан ба ҷинояту ҷинояткории ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон як қатор санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидаанд. Маҳз чунин таваҷҷуҳ ва корбарӣ дар ин росто таъсири баланди худро расонида истодааст.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар ҳаёти наврасону ҷавонон таъсири баланди худро расонид. Қонуни мазкур санаи 2-юми августи соли 2011 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки Қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ӯҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи қонуни мазкур барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»  дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.

Тибқи таҳлилҳои мо иҷроиши қонун тавонист,ки дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, амалҳои номатлуб то андозае дур сохта, таваҷҷуҳи волидонро дар тарбияи фарзанд бештар кунад.

Ёдовар бояд гардид, ки барои татбиқи амалии ин қонун пеш аз ҳама низоми сиёсии кунунӣ мувофиқат мекунад, зеро низоми давлати дунявӣ-демократӣ имконият медиҳад, ки чунин масъалаҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда шаванд. Ҳадафи асосӣ дар тафаккури насли наврас ҷойгузин кардани эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, меъроси ниёгон, арзишҳои умумиинсонӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, парчам, истиқлолият, забон ва дигар арзишҳои миллӣ буда, мо бояд роҳ надиҳем, ки дар зери таъсири омилҳои бегона тафаккури насли наврас ташаккул ёбад.

Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ, муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар