ҚОНУН ҲАМАГОНРО ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС МУВАЗЗАФ МЕГАРДОНАД

Мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Тибқи моддаи 5-и қонуни мазкур дар бораи вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд дарҷ гардидааст. Дар асоси моддаи номбурда таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар бояд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои иллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонид. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки он аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур 2-юми августи соли 2011 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки Қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъули

ят барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи қонуни мазкур барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Албатта, ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Ҳоло амалишавии қонуни мазкур дар шаҳри Бохтар тавонист, ки ҷиҳати мустаҳкам гардидани робитаи падару модар бо муассисаҳои таълимӣ мусоидат намояд. Инчунин, ҷинояту ҷинояткориро миёни ноболиғон пешгирӣ кунад. Гурӯҳҳои корӣ, ки аз намояндагони сохторҳои қудратӣ ва соҳаи маориф мебошанд, бо аҳолӣ корбарӣ карда, масъулияти волидон ва амалишавии қонунро беҳтар намуда истодаанд.

 

Исломиддин Бегмуродзода,

раиси Суди шаҳри Бохтар