Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судӣ шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли 2019

Рӯзи 1 апрели соли 2019 вобаста ба натиҷаи фаъолияти судӣ шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Бохтар намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди шаҳри Бохтар Ёқубзода Абдураҳмон Холдор доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод гардид.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар се моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Бохтар дар маҷмӯъ 697 адад парвандаҳои судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ин миқдор  79 ададро парвандаҳои гражданӣ, 121 ададро парвандаҳои оилавӣ, 43 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 322 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 132 ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби суди шаҳри Бохтар баррасӣ гардидааст, ба 113 адад расида, бо 113 парванда нисбати 113 нафар қарор қабул карда шуда, барои барасмият дарории нав 1 адад ва аз рӯи тобеияти идоравӣ парвандаҳо ирсол  карда  нашудаанд.  Дар маҷмӯъ нисбати 74 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати  39 нафар ҷаримаи  маъмурӣ  ба  маблағи умумии 6455 сомонӣ таъин карда шудааст.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонун  «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  1 парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа нисбати 1 нафар ба маблағи умумии 5000 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби суди шаҳри Бохтар ба фоидаи давлат ба маблағи умуми 243353,53 сомонӣ маблағҳои боҷи давлатӣ ва ҷарима рӯёнида шуд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 62 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Бохтар дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 15 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 2 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, 30 маротиба дар ташкилоту идораҳо ва коллективҳои меҳнатӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содиршудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳои суди шаҳри Бохтар 44 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намуданд.

Баъд аз маърузаи роҳбарияти судӣ шаҳри бохтар доир ба натиҷаи фаъоляти суд аз  ҷониби рӯзноманигорони ВАО саволҳо пайдарҳам дода шуд, ки аз  ҷониби раиси суди шаҳри Бохтар ба саволҳои рӯзноманигорон  ҷавобҳои мушахас  гардонда  шуд.

Мушовири раиси судӣ шаҳри Бохтар

котиби матбуотӣ  Шарифзода Д.