“Мурофияҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии, ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ”

Бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри суди баррасӣ гардид, аз ҷумла аз ҷониби судяи суди шаҳри Бохтар Шерализода З.Ч. бист адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар МТМУ №11 дар шаҳри Бохтар бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.

 

Баргузор гардидани мурофияҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.