“Мурофияҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии, ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ва оилавӣ”

Бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон ва дуруст рондани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90 ва 333 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри суди баррасӣ гардид, аз ҷумла аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. даҳ адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Литсей давлатии №1 дар шаҳри Бохтар бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. ду адад парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ карда шуда, бо мақсади барқарор шудани муносибатҳои оилавии тарафҳо ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба онҳо муҳлати оштишавӣ дода шуд.



Баргузор гардидани мурофияҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ, барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Суди шаҳри Бохтар 



