“Мурофиаҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”

 

Бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшудагон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав рӯзи 21.01.2026 сол аз тарафи раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. дар маҷлиси сайёри судӣ воқеъ дар бинои «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Бохтар ду адад парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ карда шуда, нисбати маҳкумшудагон ҷазои сазовор вобаста ба кирдорҳои содиркардаашон татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри суди баррасӣ гардид, аз ҷумла аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. понздаҳ адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бинои «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Бохтар бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.

Баргузор гардидани мурофияҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.