“Мурофиаҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”


Бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри судӣ санаи 13-уми феврали соли 2026 баррасӣ гардида, аз ҷумла аз ҷониби Муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар Чиллазода А.Қ. дувоздаҳ адад парвандаҳои ҳуқуқ вайронкунии маъмурӣ дар бинои «Литсейи давлатии №1 дар шаҳри Бохтар» бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазоҳои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.




Баргузор гардидани мурофиаҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Суди шаҳри Бохтар 



