«Мурофиаҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва барқарорсозии оилаҳо»


Бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшудагон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав рӯзи 13.02.2026 сол аз тарафи раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. дар маҷлиси сайёри судӣ воқеъ дар бинои «Кохи фарҳанг ва иттилооти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар» як адад парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ кардашуда, нисбати маҳкумшуда ҷазои сазовор вобаста ба кирдори содиркардааш татбиқ карда шуд.


Инчунин бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри суди баррасӣ гардид, аз ҷумла аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. дувоздаҳ адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бинои «Кохи фарҳанг ва иттилооти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар» бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазоҳои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.



Ҳамчунин аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. се адад парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ карда шуда, бо мақсади барқарор шудани муносибатҳои оилавии тарафҳо ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба онҳо муҳлати оштишавӣ дода шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби раиси суд, моҳияти ду қонуни миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар бораи таълими тарбияи кӯдак» ба шаҳрвандон мутолиа ва фаҳмонида шуд. Инчунин барои баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ба шаҳрвандон суҳбат вохуриҳо гузаронида шуд.
Баргузор гардидани мурофияҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барқарор намудани муносибатҳои оилави, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Суди шаҳри Бохтар 



