Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Бохтар бо иштироки раиси суди шаҳр Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, муовинони раис Алимзода Ҳанифа Акбар, Муҳидинзода Сайфиддин Салоҳ, судяҳои суди шаҳр ва кормандони дастгоҳи суди мазкур маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар маҷлиси мазкур раиси суд Ёқубзода А.Х. баромад намуда, ҳамаи кормандонро бо ҷашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оиди захмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард ва таъкид кард, ки ҳамаи кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Бохтар ҳамавақт қави ирода буда, тарафдори сиёсати пешгирифтаи Президенти ва Ҳукумати кишвар бошанд.

Инчунин дар маҷлиси тантанавӣ муовини якуми раиси суди шаҳр Муҳидинзода С.С. баромад карда ҳамаи кормандонро табрик намуда, суханронӣ намуд.