ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР МАДДИ АВВАЛ

 

 

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ва қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ба нишони эътирофи арзишҳои ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ донистани инсон ва ҳуқуқҳои ӯ қонунҳои марбут ба дахлнопазирии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд қабул гардид.

Ҳамзамон, бо нишони  ҳамраъйӣ бо қонунҳои башарӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои  миллату давлатдории қонунӣ  дар қисми 3-юми моддаи 5-и Конститутсияи Тоҷикистон риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст, ки ин қонун ҳамзамон нисбат ба кўдакон — қишри оядасози ҷомеа низ татбиқ мегардад.

Мусаллам аст, ки дар асоси Конститутсия ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вазифаи муқаддаси давлат маҳсуб меёбад. Биноан, дар замони Истиқлоли давлатӣ дар баробари қабули қонуну барномаҳо ва стратегияҳои муҳим ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо ва рушду ташаккули кӯдак, ин қишри нозуки ҷомеа, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Илова бар ин, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ ва ҳам иҷрои салоҳиятҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи кўдакон дар таркиби мақомоти давлатӣ  сохтору муассисаҳои гуногун таъсис дода шуда, ин ниҳодҳои иҷтимоӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқҳо, мусоидат ба солимиву таълиму тарбия ва ҳам фароҳам овардани шароитҳои мусоиди барои ноболиғон фаъолият менамоянд.

Дар баробари татбиқи ҳадафҳои муҳиму ояндасоз дар  самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон,  ҳамзамон, дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа равандҳои гуногун низ омили эҷоди мушкилу монеаҳо дар  ҳаёти  рӯзмарраи кӯдакон мегарданд.

Дар ин росто, ҳокимияти судӣ бо дарназардошти ҳуқуқҳои конститутсиноии модару кӯдакон, ки зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд, дар баррасии парвандаҳои марбут ба баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва модарро дар мадди аввал мегузорад, ки ин аз меъёрҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ мегардад.

Вазъи ҳуқуқии кӯдак, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳам дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам қонунгузории миллӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 34 Конститутсия модару кӯдак зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат мебошанд, аммо пӯшида нест, ки рушду  ташаккули ҳар як кӯдак пеш аз ҳама, дар оила сурат гирифта, кўдак тарбияи асосӣ ё ибтидоиро аз падару модар мегирад.

Бинобар ин дар, баробари таъсиси ниҳоди махсусгардонидашудаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва татбиқи қонунҳои мавҷуда, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак қабул шудааст, ҳамзамон, дар рафти муҳокимаи парвандаҳои оилавӣ ҳимояи  ҳуқуқҳои кӯдакон дар мадди аввал қарор мегирад. Зеро, талаботҳои моддаи 34 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудааст, ин таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани кӯдакро таҷассум менамояд. Дарвоқеъ ҳам, меъёрҳои қонунҳои кишварамон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳадафҳои муҳиме аз ҷумла, устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам гардидани шароитҳое нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд.

Илова бар ин дар ҳолатҳои азҳампошхӯрии оилаҳо қонугузорӣ меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки аслан ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакони ятимонда нигаронида шуда, дар мурофиаҳои судӣ масъалаи интихоби ҷойи зисти кӯдак ва дигар ҳаққу ҳуқуқҳои иҷтимоии кӯдакон моҳиятан баррасӣ карда мешавад.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар панҷ моҳаи аввали соли 2025 воридшавии парвандаҳои марбут ба баҳсу мунозираҳои оилавӣ дар  ҳокимияти судии шаҳри Бохтар баробар коҳиш ёфтааст. Таҷрибаи ташкилу баррасии мурофиаҳои судӣ вобаста ба баҳсҳои оилавӣ собит месозанд, ки бештари муноқишаҳои оилавӣ, ки ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, аз сатҳи пасти ҳуқуқшиосӣ ва коҳиш ёфтаи ахлоқи ҷомеа маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз, баррасии баҳсҳои оилавӣ тариқи судҳои сайёр аз омилҳои муҳими пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо мебошад. Дар ин росто, таблиғу ташвиқи қонун ва баланд бардоштаи маърифатнокии аҳолӣ аз масъалаҳои рӯзмарра арзёбӣ гардида, дар ин самт мебояд, ки ҳамкории ҳокимияти судӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо тақвият бахшида шавад.

 

                          Судяи Суди шаҳри Бохтар Зебонисо Шерализода