ИҶРОИШИ  ҚОНУН  БАРОИ  ҲАМА  ҲАТМӢ  МЕБОШАД

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷиёне, ки  ба ҳудуди кишвари мо ворид мешаванд, вазифадоранд, ки тамоми қонунҳои амалкунандаро риоя намоянд. Зеро, маҳз дар самти идоракунӣ ва пешбурди  кори давлат дар асоси қонунҳои амалкунандаи он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи қонунҳои амалкунанда аз ҳар ҷиҳат мавриди омӯзиши аниқ қарор гирифта, ба урфу одат, фарҳангу тамадуни  миллати  тоҷикро  ба инобат гирифта, мавриди амал қарор дода шудаанд ва саропо ба нафъи шаҳрвандони кишвар  мебошанд.  Агар таҳлил намоем, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти беҳшавии зиндагии мардум таъсири баланди мусбии худро расонид.

Қабули қонуни мазкур на танҳо барои тоҷикистониён мақбули писанд шуд, балки роҳбари чанде аз давлатҳои дигар низ қабулу амалишави ичунин қонунро мувофиқ ва манфиатбахш дониста,  дар  давлатҳои худ онро мавриди амал қарор доданд. Ин гувоҳ аз он медиҳад, ки дар самти қабули қонунҳо Тоҷикистон пешгом буда, аз ҳар ҷиҳат муваффақ низ мебошад. Пас тамоми сокинони мамлакатро лозим аст, ки дар самти риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ кӯшиш намоянд.

«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем», — таъкид намудаанд Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон.  Ин албатта, маънои онро дорад, ки зимни омӯзиши қонун дар кадом шакл ва чи гуна ба зиндагии шоиста расонидани мардумро хуб андешидаанд.

Ёдовар бояд гардид, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф  ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ  аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Хусусан, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйю маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил  доданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти ба вуҷуд омадаро оқилона дарк намуда, моҳи майи соли 2007 ба маврид таъкид карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳир парастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд».

Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Боиси таасуф аст, ки бо вуҷуди пешбинигардидани ҷаримаҳои маъмурӣ ва огоҳонидан бархе аз шаҳрвандон ҳамоно ба қонуншиканӣ даст заданд. Инро ба инобат гирифта, бо пешниҳоди Роҳбари давлат маблағи ҷаримаи қонунвайронкунандагон баланд бардошта шуд. Маҳз баландшавии маблағи ҷарима тавонист, ки нафарони бетаваҷҷуҳу намоишкорро пешгирӣ намояд. Агар таҳлил кунем, пас дақиқ мегардад, ки қонунвайронкунӣ аз рӯйи қонуни номбурда нисбат ба панҷ сол қабл хеле пешгирӣ карда шудааст. Аммо, бо ин вуҷуд ҳамоно нафарони ангушт шуморе ҳастанд, ки худро ба нодонӣ зада ва ё дидаю дониста қонуншиканӣ мекунанд ва мавриди ҷарима бандӣ қарор мегиранд.

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш таъкид намуда буданд: «зоҳир парастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натанҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибратшуд. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алал хусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди бонангу номуси диёрро зарур аст, ки дар самти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулияти ҷиддӣ дарк карда, бо ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ амал намоянд.

 

Муовини  раиси  суди  шаҳри Бохтар  Алимзода Х.А.