БАРОМАДИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ БОХТАР ДОИР БА ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИМНИ ГУЗАРОНИДАНИ МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (28.08.2020 сол)

 

 

Санаи 28 августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи судии Суди ноҳияи Данғара зимни гузаронидани машғулияти семинарӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, Раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, судяҳо ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раиси суди шаҳри Бохтар ЁҚубзода А.Х. дар мавзўи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он баромад намуд.

Суди шаҳри Бохтар баромади Раиси суди шаҳри Бохтарро барои истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии интернет манзур менамояд.

«Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаҳои таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш авали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидоркоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонида, маъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрўз ифтихор аз он доранд, ки бисту нўҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў алоқамандии ҳамаҷониба доранд.

Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият тағйирот ворид гардид.

Нахустин ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ин оғоз намудани нақби Анзоб ба ҳисоб мерафт. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дараҷаи наҷотро дар он дарёфта буданд. дар роҳи таъмини истиқлолияти эенергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмиллалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Дар баробари кўшишу заҳматҳои роҳбари давлату Ҳукумат нерўгоҳҳои хурду калони барқӣ ба кор даромаданд. Аз ҷумла сохтмони нерўгоҳҳои барқии обии «Сангтуда-1» ба охир расонида шуд ва он айни замон ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтуда-2» ва як қатор нерўгоҳҳои дигар ба кор шурўъ карданд. Яке аз дигар объекти стратегӣ НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аввалин маротиба он 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар умум он аз шаш чарх иборат буда, тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаватро ташкил медиҳанд.

Доир ба роҳҳои кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як қатор силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд, ба монанди роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва нақби Шаршар. Ҳоло дар кишвар равуо ва боркашонӣ сад дар сад беҳтар гардидааст.

Бо ташаббуси Истиқлолият ба даст овардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегўянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди террроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расониданд.

Аз ин рў моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.