ҲАЛНОМАИ ҒОИБОНА АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

парвандаи №4-753

ҲАЛНОМАИ ҒОИБОНА

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

19 феврали соли 2024                                                                   шаҳри Бохтар

 

Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Дар ҳайати раисикунанда Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод

Бо котибии                              Ҷалилова Анора Сафархоновна

Дар маҷлиси ошкорои судӣ воқеъ дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Бохтар.

Парвандаи оилавӣ бо даъвои Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич нисбати Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳро баррасӣ намуда,-

М У А Й Я Н      К А Р Д:

Даъвогар Давлатов В.М. бо даъво нисбати Давлатова Л.Қ., дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, дар он иброз кардааст, ки онҳо  тариқи расму оини диннӣ дар моҳи сентябри соли 2007 никоҳ намуда, расман ақди никоҳашонро саннаи 5-уми майи соли 2019, таҳти № 129 дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён бақайди давлати гирифтаанд.

Аз зиндагии якҷоягиашон соҳиби панҷ фарзанд бо номҳои Давлатова Кибирё Валиҷоновна 16.09.2008 соли таваллудаш, Давлатов Абдулло Валиҷонович 30.10.2009 соли таваллудаш, Давлатов Иброҳим Валиҷонович 25.05.2012 соли таваллудаш, Давлатов Исмоилҷон Валиҷонович 09.09.2016 соли таваллудаш ва Мирзовализода Абдураҳмон Валиҷон 05.11.2020 соли таваллудаш  гардиданд.

Муносибати оилавиашон аз аввали оғози зиндагии якҷоя хуб буд. Баъдан дар давоми зиндагии якҷоя ҷавобгар хислаташро тамоман дигар карда, пас аз ҷанҷоли охирин моҳи декабри соли 2021 ҷавобгар аз манзили истиқоматиашон баромада ба хонаи падару модараш рафт ва фарзандонашон бо ҳамроҳии ӯ -даъвогар монданд. Пас аз ба суд бо даъво муроҷиат кардани ҷавобгар Давлатова Л., нисбати ӯ оиди муайян кардани ҷойи зисти кудакон, ӯ-даъвогар ихтиёран ба Давлатова Л., манзили истиқоматии алоҳида харидори намуда, ҳамаи молу мулкашро дода, фарзандонашро бо ҷавобгар дар манзили харидааш ҷой кардааст. Яъне байни ӯ ва ҷавобгар Давлатова Л., ягон баҳс оиди молу мулки ва тарбияи кудакон вуҷуд надорад. Ин ҳолат бо ҳалномаи суди шаҳри Бохтар тасдиқ  мегардад.

Минбаъд барқарор кардани муносибати оилавии ӯ-даъвогар бо ҳозира ҷавобгар ғайриимкон будааст, зеро онҳо аз моҳи декабри соли 2021 якҷоя пешбурди хоҷагии умуми надоранд. Айни замон муддати ду сол мешудааст, ки бо дигар зан оилаи нави худро барпо намуда соҳиби як фарзанд гардида, мехостаанд,  ки ақди никоҳашонро ба қайди давлати гузоранд. Бинобар ин ҳалномаи суд барои ӯ ва оилаи наваш аҳамияти ҳуқуқи дошта аз суд хоҳиш намуд, ки ақди никоҳи ӯ — Давлатов Валичон Мирзовалиевич  бо ҷавобгар Давлатова Латофати Қурбонали, ки саннаи 5 майи соли 2019 тахти №129 дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён ба расмият дароварда шудааст, бе додани мухдати оштишавӣ бекор карда шавад.

Даъвогар Давлатов В.М.- дар мурофиаи судӣ даъвояшро дастгирӣ намуда, илова намуд, ки айни ҳол ҷои зисту макони ҷавобгар ба ӯ маълум набудааст, зеро муносибати оилавии онҳо аз моҳи декабри соли 2021 ба пурраги қатъ гардид ва ӯ дар ҳозира бо дигар зан оилаи нави худро барпо намуда аз зиндагии якҷоягиашон соҳиби як фарзанд гардидаанд. Бинобар ин ҳалномаи мазкур ба ӯ ва оила нав ашаҳамияти ҳуқуқи доштааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки даъвояш қонеъ карда шавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 238 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани ҷавобгаре, ки оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ огоҳ шудааст, дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз оид ба ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта хабардор шуда, аммо дар хусуси сабабҳои узрноки ҳозир нашуданаш иттилоъ надодааст, дар ғоибиаш баррасӣ шудани парвандаро хоҳиш накардааст, парванда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад. Суд дар хусуси бо тартиби ғоибона баррасӣ намудани парванда таъинот, қабул менамояд.

Аз маълумотномаи Раиси маҳаллаи Ҷ.Абдуллоев таҳти рақами № 293 аз саннаи 07.12.2023 сол, дида мешавад, ки ҷавобгар ДавлатоваЛ.Қ., бо фарзандонашон Давлатова Кибирё Валиҷоновна 16.09.2008 солитаваллудаш, Давлатов Абдулло Валиҷонович 30.10.2009 соли таваллудаш,  Давлатов Иброҳим Валиҷонович 25.05.2012 соли таваллудаш, Давлатов Исмоилҷон Валиҷонович 09.09.2016 соли таваллудаш ва Мирзовализода  Абдураҳмон Валиҷон 05.11.2020 соли таваллудаш,  дар китоби хоҷагии раиси маҳалла бақайд гирифта шудааст, аммо аз моҳи декабри соли 2021 дар ин манзили истиқомати зиндагӣ намекунад.

Бинобар аниқ набудани ҷойи истиқомати ҷавобгар бо таъиноти суд аз 10 декабри соли 2023 ва ҳуҷҷатҳои ба аризаи даъвогӣ замимашуда, ошкоро ба ҷавобгар супоридашуда эълон карда шудааст.

Даъвогар дар мурофиаи судӣ аз суд хоҳиш кардааст, ки бе иштироки ҷавобгар аз рӯи далелҳои мавҷуда гузаронида шуда, ҳалномаи ғоибона қабул карда шавад. Дар хусуси дар ғоибии ҷавобгар баррасӣ намудани парвандаи оилавӣ таъинот қабул карда шудааст.

Суд далелҳои парвандаро омӯхта, далелҳои оид ба парвандаи мазкур ҷамъовар дашударо таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки бо асосҳои зерин даъвои Давлатов В.М.-ро қонеъ намояд.

Воқеъияти баста шудани ақди никоҳи байни даъвогар Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич ва Давлатова Латофати Қурбонали бо хатти никоҳ, ки саннаи 5 майи соли 2019 таҳти №129 дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мегардад.

Тибқи талаботи моддаи 22 қисми 2 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон агар суд муқарар намояд, ки зиндагии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидааст, никоҳ бекор карда мешавад.

Аз маълумотномаи раиси маҳаллаи Ҷ.Абдуллоев, таҳти№ 283 аз саннаи 29.11.2023 дида мешавад, ки даъвогар-Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич бо шаҳрванд Гирдакова Моҳрухсор оилаи нав барпо намуда, соҳиби як фарзанд бо номи Усмон гардиданд.

Бо таъиноти суд аз 16 январи соли 2024 то 16 феврали соли 2024 ба тарафҳо як  моҳ мӯҳлати оштишавӣ дода шуда буд, вале тарафҳо дар ин мӯҳлат оштӣ нашудаанд.

Суд муайян кард, ки даъвогар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ мебошад ва барои барқарор намудани оилаи онҳо имконият мавҷуд нест. Зеро тарафҳо муддати ду сол шудааст, ки якҷоя зиндагӣ надоранд ва бо ҳамдигар ҳоҷагии умумӣ намебаранд. Яъне оилаи тарафҳо ба таври қатъи ҳанӯз соли 2019 барҳам хурдааст, бо якдигар зиндагӣ кардан намехоҳанд ва барқарор кардани он имконнопазир мебошад. Бинобар ин суд лозим медонад, ки бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, никоҳи байни тарафҳоро бекор намояд.

Дар маҷлиси судӣ муайян карда шуд, ки баҳси молу мулкии тарафҳо ҳалли худро ёфтааст.

Мувофиқи талаботи банди 10-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани никоҳ» аз 29.05.2003 сол бо тағйиру иловаҳо аз 19.03.2009 сол «танҳо пас аз муқаррар кардани он, ки зиндагии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир буда, оилаи онҳо катъиян пароканда гардидааст, суд ҳуқуқ дорад талаби бекор кардани никоҳро қонеъ гардонад.

Суд  муқаррар кард, ки оилаи тарафҳо қатъиян пароканда гардидааст, барқарор шудани он имконнопазир мебошад, бинобар ин мувофиқи мақсад медонад, ки никоҳи тарафҳоро бекор намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 239, 240  ва 242-и КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

 

ҲАЛ       КАРД:

Даъвои Давлатов Валиҷон Мирзовалиевич нисбати Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, қонеъ карда шавад.

Ақди никоҳи байни Давлатов ВалиҷонМирзовалиевич ва Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки рӯзи 5-уми майи соли 2019 , таҳти №129 дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли (ҳозира ҷамоати шаҳраки Бохтариён) ноҳияи Кушониён ба қайд гирифта шудааст, бекор карда шавад.

Оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона ҷавобгар Давлатова Латофати Қурбонали дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад дар муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи ба ӯ супоридани нусхаи ҳалнома ба суди шаҳри Бохтар ариза пешниҳод намояд.

 

 

Раисикунанда:                                                                              Бегмуродзода И.Б.