ҶАЛАСАИ ЯКҶОЯИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРӢ ВА СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ БОХТАР

РӮЗИ 26-УМИ АВГУСТИ СОЛИ РАВОН ДАР ТОЛОРИ МАҚОМОТИ  ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ  БОХТАР ҶАЛАСАИ ЯКҶОЯИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ  ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРӢ ВА СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ БО  ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ  БОХТАР ДОИР  ГАРДИД.

Дар ҷаласаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, раиси суди шаҳри Бохтар Ёқубзода Абдураҳмон, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник Самадов Талабшо Сафаралиевич, Прокурори шаҳри Бохтар Нусратзода Иброҳим, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории вохурии мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад,  ки тавваҷҷӯҳи Ҳукумату давлат нисбат ба қишри ояндасози миллат яъне наврасону ҷавонон зиёд мебошад.  Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон мунтазам ба ташаббусҳои созандаи ҷавонон эътимод ва боварӣ намуда барои бунёдкорию созандагӣ дастурҳои мушаххас медиҳанд.  Вохӯрии имрӯза низ дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат баргузор карда шуд.

Ҷаласаро раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин оғоз намуда вобаста ба дастовардҳои назарраси наврасону ҷавонони шаҳри Бохтар ибрози ақида намуданд. Инчун ин бобати баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, рафтору интизоми намунавӣ,  баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, доштани ҳуввияти миллии ва тандӯстӣ ва инчунин  аз даст надодани зиракии сиёсӣ  дар маъракаҳои дар пешистода сухан намуда бори дигар аз иштирокдорон даъват ба амаловарданд, ки дар якҷоягӣ баҳри ободонию созандагии шаҳрамон маркази вилояти Хатлон камари ҳиммат мебандем.

Сипас дигар баромадкунандагон  низ  суханронӣ намуданд.

Дар охир байни иштирокдорони ҷаласа сӯҳбати ошкорову самимӣ доир гардид.