“Мурофияҳои сайёри судӣ омили пешгирии содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ва оилави”


Бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшудагон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав рӯзи 15.05.2026 сол аз тарафи раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. дар маҷлиси суйёри судӣ воқеъ дар бинои «Кохи фарҳанг ва иттилооти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар» як адад парвандаи ҷинояти бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ кардашуда, нисбати маҳкумшуда ҷазои сазовор вобаста ба кирдорҳои содиркардааш татбиқ карда шуд.





Инчунин бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри суди баррасӣ гардид, аз ҷумла аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. бисту чор адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бинои «қасри фарҳанги вилояти Хатлон бо иштироки васеъи волидон мавриди баррасӣ қарор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси суди шаҳри Бохтар Бегмуродзода И.Б. як адад парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ карда шуда, баъди додани муҳлати оштишавӣ ақди никоҳи тарафҳо бекор карда шуд.
Баргузор гардидани мурофияҳои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ, барқарор намудани муносибатҳои оилави, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Суди шаҳри Бохтар 



