Имрӯз, 06 марти соли ҷорӣ  дар суди шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи модар ҷамъомад таҳти унвони «Зан модар» доир гардид. Дар чорабини Раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Раиси суд Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод суханрони намуда, аз мақому манзалати баланду занону модарон ёдовар гардида, таъқид карданд, ки занону модарон дар тарбияи насли солим рӯшди ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми арзанда доранд.

Иброз карда шуд, ки рӯзи модар бо фарорасии фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, рамзи муҳаббат, покизаги, меҳру садоқат ва сарсабзии зиндагӣ мебошад. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, меҳвари хонадон ва равшангари роҳи зиндагии ҳар як инсон аст.

Муовинони Раиси суд: Чиллазода А.Қ. ва Одиназода А.Б. бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар назди ҳозирин баромад намуда таҳкид намуданд, ки имрӯз бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда дар рӯшду ободии Тоҷикистони соҳибистиқ лол саҳми арзанда мегузоранд. Модарони тоҷик ҳамзамон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандусти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳивзи ватан тарбия менамоянд.

Дар идомаи чорабинии бонувон барои фаъолияти пурсамар туҳфаҳои хотирави аз ҷониби Раиси суд тақдим карда шуд.