Баргузории шанбегӣ

Cанаи 14 феврали соли 2026 дар Суди шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси суд Бегмуродзода И.Б., муовини якуми раиси суд Чиллазода А.Қ. ва муовини раиси суд Одиназода А.Б., судяҳо ва  кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор гардид.

Кормандони суди шаҳри Бохтар аз субҳ ба шанбегӣ баромада, бо тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ, гулҳои мавсимӣ ва инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармии хос анҷом доданд.

 

Чунин корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ рӯзҳои шанбегӣ ҳар ҳафта аз ҷониби аҳли кормандон бо маром идома дода мешавад.