Имруз, 12 январи соли 2026, дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Бохтар маҷлиси назди раиси суд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти суд дар соли 2025 баргузор гардид.
Имруз, 12 январи соли 2026, дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Бохтар маҷлиси назди раиси суд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти суд дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси суд, муовинҳо, судяҳои суди шаҳри Бохтар ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Дар рузномаи ҷаласа масъалаи таҳлили натиҷаҳои фаъолияти суд дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси суд дар суханронии худ ба дастовардҳои асосии суд дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масълаҳои риояи қатъии талаботи санадҳои қонунгузорӣ, таъмини принсипи конститутсионии дастрасӣ ба адолати судӣ ва баррасии саривақтӣ ва босифати парвандаҳоро муҳим арзёби намуд.
Ҳамзамон дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷ умҳурии Тоҷикистон ба саҳми судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд расонида шуд ва баҳри иҷроишии саривақти онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Суди шаҳри Бохтар 



