НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
«Конститутсия» Қонуни асосии давлат мебошад, ки сохтори маъмурию ҷамъиятӣ, тартиб ва усули ташкили мақомоти ҳокимият, системаи интихобӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии шаҳрвандонро муайян менамояд. Ба ибораи дигар Конститутсия маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки ҳамчун қоида аз як тараф муносибатҳои ҷамъиятии байни инсон ва ҷамъият, аз ҷониби дигар миёни инсон ва давлат, ҳамзамон асосҳои ташкил ва фаъолияти худи давлатро танзим менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун падидаи давлатӣ-ҳуқуқӣ ин нуктаро мақсади асосии худ қарор дода, дар меъёрҳои худ волотарин идеяҳои инсондӯстонаро инъикос ва мустаҳкам намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Ман тамоми дастовардҳоеро, ки дар тӯли қабули Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобам, зеро маҳз бо ифодаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд».
Конститутсия барои аз байн бурдани хатарњое, ки ба Истиќлолияти давлатї тањдид мекард, шароити зарурии њуќуќї муњайё намуда, барои аз вартаи нобудї наљот додани давлати соњибистиќлоли тољикон ва аз парокандагї рањої бахшидани сокинони мамлакат асос гузошт.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо мақсад ва вазифаҳои ҷонии ҳар фарди ҷомеа гардад. Маҳз дар ҳамин сурат, мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, яъне давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.
Моддаи 17-и Конститутсия принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манъи табъизро инъикос намуда, кафолат медиҳад, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Баробарҳуқуқии мардон ва занон эътироф карда мешавад.
Бисёр принсипҳои заминавии ҳуқуқҳои инсон инъикоси худро дар дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсия сарчашма мегиранд, ёфтаанд.
Дар давоми 31 соли амалаш ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тариқи Раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дохил карда шудааст. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави замонавӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави замонавӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқуъ пайвастанд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар Парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд.
Мо итминони комил дорем, ҳамдиёрони мо бо риояи талаботи бобҳо ва моддаҳои ин Санади тақдирсози миллату давлат кору фаъолият ва зиндагии хешро ба роҳ монда, барои рушду шукуфоии имрўзу ояндаи кишвар ақлу заковат ва нерӯю дониши худро дареғ намедоранд.
Мусозода Мансур Мухтор
судяи Суди шаҳри Бохтар
Суди шаҳри Бохтар 



