Ҳифзу пуштибонии забони давлатӣ рисолати ҳар яки мост

Забони давлатӣ аз арзишҳои муҳими миллату давлати соҳибистиқлоли мо арзёбӣ гардида, ба монанди Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Забони давлатӣ, ки дар як марҳилаи ҳасоси сиёсӣ мақоми давлатӣ пайдо карда буд, маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва пуштиибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста пайдо кардааст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, заминаи устувори пешбурди фаъолияти гуногунҷабҳаи давлат ва ҷомеа дар самтҳои коргузорӣ, таълиму тарбияи насли ояндаи кишвар, муошират ва забони Воситаҳои ахбори омма кишвар ва ҷумла санадҳои муъёриву ҳуқуқӣ гардид.
Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи забони модарӣ қонуну санадҳои муҳими меъёрӣ аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ғайраҳо қабул ва ба тасвиб расидаанд, ки дар равандии татбиқи онҳо забони модарӣ ҳифз ва ҳимоя карда мешавад. Чуноне, ки дар қисми 6, моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омаддааст; риояи қоидаҳои имлои забони адабии тоҷикӣ ҳатмӣ мебошад. Яъне, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, дар фаъолияти рӯзмарра, коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ ва эҷоду таълифи асару маводҳои илмию фарҳангӣ аз вожаю истилоҳоти дурусти забон корбурд намоянд ва имлои забонро риоя кунанд, ки ин ҳам барои ҳифзи забон мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бесарҳадии фазои иттиилоотиву омезиши фарҳангҳо, моро мебояд, ки ба ҳимояи забони давлатӣ ва ҳифзи он аз таъсири шабааҳои иҷтимоӣ тадбиирҳои муосир биандешем. Дар ин росто, масъулияти муқададси шахси омӯзгор, падару модар ва зиёиён ҷиҳати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дучанд меафзояд. Зеро тақозои ҳифзу ҳимояи забони давлатӣ аст, ки насли ояндаи хешро аз лиҳози таълиму тарбияи маънавӣ ончунон омода созем, то ин ки дар раванди суръатзои истифодабарии техника ва технологияи замони муосир ҳомии забони модарии худ бошанд. Воқеан, забони тоҷикӣ тавъам бо фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик буда, дар масири пуршебу фарози таърихи чандинҳазорсола то замонии мо ҳифз гардидааст. Самараи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва донишмандону зиёиёни кишвар ба ҳифзи бони модарӣ аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷомеаи маърифатпарвари мо ҷашни Рӯзи забони давлатииро бо меҳру муҳаббати беандоза истиқбол мегиранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки моҳияти ҳифзу пуштибонӣ аз забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи забони тоҷикӣ, ки аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик сарчашма мегирад, дар асари мондагори худ “Забони миллат- ҳастии миллат” овардаанд, ки; «Забон дар маҷмуъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст»
Аз ин рӯ, бо тақозои таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мо насли наврасро дар руҳияе тарбияву ба воя бояд бирасонем, ки онҳо омӯзиши илму технологияи муосир ва азбаар намудани забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарии худ анҷом диҳанд. Зеро забони модарии мо дар баробари забони муошират ҳамвора, дар рушду муаррифии давлати соҳиибистиқлоламон таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ иттииҳоду сарҷамъии ҳамзабононамон дар ақсои олам рисолати муҳимро иҷро мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки суханрониҳои Сарвари давлатамон бо забони шевои тоҷикӣ аз минбари бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар ба ҷомеаи башариро собит намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ёдгории беназири маънавиии миллати тоҷик ва оинаи таърихи қадимтарин халқи ҷаҳон, ба ҳисоб рафта, дар он фарҳангу тамаддун, расму оинҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтааст. Биноан, забони давлатӣ бақои давлату миллат, муаррифгарии муқаддасоти миллату давлати соҳибистиқлоли мост ва ба эътибори ин муқададсоти миллӣ ҳамасола 5 –уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Рамзист, ки таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки ба санаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рабт дорад, ҳамзамон, ба Иди касбии омӯзгорон рост меояд. Маҳз шахси омӯзгор аст, ки дар ҳимояи забони давлатӣ, тарбияи наслҳои ҳама давру замон нақши меҳварӣ дорад. Ба эътибиори саҳми муассири омӯзгорон дар ҳифзу пойдорӣ ва рушду ташаккули забони тоҷикӣ, ки тавассути он ҳазорон нафар бузургону нухбагони миллати мо илму адабиёти ҷаҳонгирро барои башарият мерос гузоштаанд, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон таъкид доштанд, ки; “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи ватанро ба камол мерасонад”.
Дарвоқеъ, ҳифзу пойдорӣ ва рушди забони давлатӣ аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ пуштибонӣ ёфта, дар баробари масъулияти омӯзгорону донишмандону ва мақомоти дахлдор, ҳамзамон, рисолати ҳар нафари мо шаҳрвандони худогоҳ мебошад, ки ҳомии забони забони модарӣ бошем. Дар иҷрои ин масъулияти муҳим, бешшак, дар сатҳи баланд азбар намудани вижагиҳои забони тоҷикӣ ҳатмист. Аз ин лиҳоз, бояд фарзандон ва умуман, насли ояндаи хешро аз сатҳи муассисаҳои томактабӣ забони давлатиро омӯхта, ба онҳо санъати волои суханвариро тарғибу ташвиқ намоем. Илова бар ин, дар арсаи ҳифзу пойдории забони шевои тоҷикӣ ва аз насл ба насл мерос гузоштани он, мо мардуми шарафманди Тоҷикистон, бо илму донишандӯзӣ, огоҳӣ аз таъриху фарҳанги миллат ва осори маънавии ниёгони хеш, дар радифи азбар кардани техникау технологияи замонавӣ, мебояд, ки пайваста машғули мутолиаи китобҳои бадеӣ бошем.
Зебонисо Шерализода, судяи суди шаҳри Бохтар
Суди шаҳри Бохтар 



