Мақом ва нақши бонувон дар ташаккули ҳокимияти судии даврони Истиқлоли

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рӯйдоди барои миллати тоҷик тақдирсоз ва ҳам таърихӣ,  дар солу замоне ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистони дар гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандиро хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Мардуми аз асари даргириҳо дар ҳиҷрат сарсону саргардон аз ғами чӣ гуна ба Ватан баргаштан, ҳоли табоҳе доштанд ва дар ҳамин даврони  ҳассос, ҷомеа ва давлат мардум  ба Сарвари хирадманду матинирода ниёз дошт, ки бо сабру таҳаммулпазирии ва иродаи бузурги сиёсӣ муҳоҷирони иҷбориро ба хонаҳои худ баргардонида, кишвари моро аз гирдоби мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ наҷот бахшад.

Ба бахти мардуми азияткашидаи Тоҷикистон, ки ба даст овардани Истиқлолият аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонашон буд, дар Иҷлоссияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллатро ба вазифаи Раиси Шуроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Бо зуҳури абармарди миллати тоҷик  дар арсаи сиёсатҳои бузург, дар  муддати кӯтоҳ пеши ҷангу даргириҳоро гирифта шуда, сокинони ба кишварҳои гуногуни олам ҳиҷрат намуда, ба хонаҳои худ баргардонида шуданд. Ҳамин сон, такя ба бовариву неруи мардум соҳаҳои фалаҷгашта барқарор, рукнҳои давлатдорӣ ташаккул ёфта, марҳила ободониву барқарорсозии Тоҷикистони соҳиибистиқлол оғоз гардид.

Мурури 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати қабули қонуну санадҳои муҳими меъёрӣ, амалисозии ҳадафҳои бузурги ояндасозӣ,  ҷиҳати ноил шудан ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳим ва рушду инкишофи неруи инсонӣ, ҳамвора, дар Мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳазорон кадрҳои ҷавон, аз ҷумла, занону духтарони  лаёқатманд тарбияву обутоб ёфтаанд, ки имрӯз дар зинаҳои гуногуни соҳаи хизмати давлатӣ  фаъолият доранд.

Чуноне ки зимни яке аз Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид гардида буд; “Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бонувон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бо ташаббусҳои созандаи худ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушду ободонии Ватан нақши муҳим гузоштаанд”.

Бо дарки амиқи моҳияти фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, ҳанӯз санаи 7-уми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд, ки баъдан дар заминаи татбиқи он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон,  Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-20230 ва дигар санадҳои муҳим қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Ҳамчунин, ҷудо намудани квотаҳо барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдаст ва дигар тадбирҳо ба хотири фароҳам намудани шароиту имкониятҳо иштироки фаъоли бонувон дар ҳаёти ҷомеа, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.

Дар умум, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, дар кишварамон зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Баланд бардоштани мақому манзалати зан, ҳузури фаъоли бонувон дар вазифаҳои ҷамъиятӣ ва зиёд гардидани шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз тадбирҳои муҳимест, ки ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ муайян гардиданд. Агар ба натиҷаҳои татбиқи қонуну дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар низоми ҳокимияти судии кишварамон назар андозем, имрӯз аз шумораи умумии воҳиди кории судягӣ беш аз 22% ро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, бонувон ба симмати раисони суд, муовинони раис, раисони колегияҳои судӣ ва судяҳо фаъолияти пурсамар доранд ва мусаллам аст, ки таълиму тарбияи собифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ,  ба вижа аз ҳисоби бонувони лаёқатманд  баҳри рушду ташаккули ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии онҳо ва беҳтару хубтар шудани сатҳу сифатии адолати судӣ мусоидат менамояд.

Самараи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ аст, ки имрӯз дар кишвари мо ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият дорад. Дар ҳамин марҳилаи рушду ташаккулёбии низоми ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва инсон дастуру ҳидоятҳои зимни мулоқотҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судҳо ва роҳбияти ҳокимияти судӣ, ба беҳтару баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти судҳо дар иҷрои рисолати муҳими касбиашон нақши бағоят муҳим бозидаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо занону духтарони лаёқатманди кишварамон бо итминону хушбинӣ ба ояндаи дурахшон дар арсаҳои гуногуни ҷомеа содиқона фаъолият дошта, сол аз сол сафи онҳо дар зинаҳои гуногуни соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзуда истодааст, ки ин аз натиҷаи тадбирҳои судманди дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бори дигар собит намуд, ки бонувони  мо аз уҳдаи ҳама кору масъулиятҳои ба зимма гирифтаашон баромада истодаанд.  Ба ин мисол ҳузури фаъоли бонувони ҳуқуқшинос  дар мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад, ки бонувони ҳуқуқшинос илова бар иҷрои вазифаву масъулиятҳои касбӣ, инчунин,  дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, ташаббусҳои ободонии мамлкат, таъмини амнияту волияти Қонун дар кишвар саҳми наззар гузошта истодаанд.

Мо бонувон, ки бо шарофати таваҷҷуҳу ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми  худро дар ҷомеа пайдо кардаем, ҷидду ҷаҳд ба хотири рушду пешрафти Ватани азизамон ва татбиқи ҳадафҳои ояндасози роҳбари давлатро масъулияти шаҳрвандии худ мешуморем. Дар иҷрои ин рисолати муҳим Паёмҳои солонаи Президенти кишварамон ҳидоятгари мост.

Фирӯзаи Ҳусензода, судяи суди шаҳри Бохтар