Истиқлолият рамзи саодату эҳёи асолати миллӣ
Истиқлолият рамзи озодиву саодат ва ҳифзи асолати миллату давлатдорӣ аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, гузаштагонам барои мушарраф гардидан ба ин неъмати бебаҳо садсолаҳои таърих мубориза бурдаанд. Аз ин лиҳоз, пайки Истиқлолият аз рӯйдодҳои бузурги таърихӣ арзёбӣ мегардад, ки як миллати соҳибтамаддун тақдири минбаъдаи давлати худро дар ихтиёр дорад. Ба бахти миллати тоҷик ва иродаи беназири сиёсӣ ва матонату малакаи Пешвои муаззами миллат, ҳокимияти давлатӣ дар пойи эътимоду эътирофи халқ рушду ташаккул ёфта истода, Тоҷикистон дар сафи кишварҳои ташаббускори ҳалли масоили глобалии сайёр пешоҳанг мақому манзалат пайдо карда истодааст.
Мурури рушду пешрафтҳои чашмрас ва ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги миллату давлатсозӣ, саъю талошҳо ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти иқтисодӣ, фатҳи қуллаи орзуву ҳаадфҳо бобати расидан ба истиқлолияти энерегтикӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар, амалисозии бузургтарин пружаҳои иқтисодӣ ба хотири таарққиёти мамлакат, намунае аз дастоварду муваффақиятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири давлатдорӣ мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумони аз гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандиро ба шоҳрози зиндагии орому осоишта ва фатҳи қуллаи орзуҳои бузург роҳнамоӣ дорад, имрӯзҳо баҳри рушду пешрафти Ватани азизи худ бо азми дилу ҳама ҳастӣ ҷидду ҷаҳд намуда, дар иҷрои нақшаҳои ободонии диёи хеш саҳм мегиранд.
Таърих гувоҳи ҳол асту таҷрибаи ҳаёти башарӣ ва воқеияти имрӯзи гузаштаи баъзе халқу миллатҳои ҷаҳони муосир собит менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ, таъмини осоиштагиву фазои ороми сулҳу ваҳдат, на ба ҳама кавму миллатҳои олам насиб мегардад. Пӯшида нест, ки мамолики пешрафтаи олам ва ҷомеаҳои соҳиби давлати мустақил Истиқлолияти давлати худро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Мусаллам аст, ки дар таърихи давлатдории миллату халқиятҳои ҷаҳон, маҳз ҷомеаи худогоҳи он, марҳилаҳои муҳими саропо аз муборизаву ҷонфидоиҳоро паси сар намудаву дар ин масири ифтихор фарзандони далеру шуҷои хешро аз даст додаанд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик, ки саропо аз муборизаҳои озодихоҳӣ буда, дар саҳифаҳои он корномаҳои қаҳрамононаи фарзандони фарзонаи он таҷассум ёфтааст, дар ин маврид истисно нест.
Гарчанде, ки дар солҳои 1990-ум Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи заволи ин кишвари абарқудрат ба даст омада буд, аммо истиқлолияти воқеӣ ва ноил гардидан ба Тоҷикистони амну осоишта ва гомҳои устувори он дар масири рушду пешрафтҳои бузург, имтиҳони сахти таърихро дар пай дошт.
Умуман, Истиқлолият давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар асри наву эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузарги сиёсиро фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои нодири даврони Истиқлол аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Зеро дар оғози соҳибистиқлолӣ, бинобар мудохилаи қувваҳои беруна ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй, дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид. Ба бахти мардуми Тоҷикистон дар ҳамон шабу рӯзҳои ноамниҳои сиёсӣ, ки иддае аз ҳамватанони мо дар ғурбат қарор дошта, сарзамини аҷдодиамонро хатари парокандагӣ таҳдид менамуд, аз миёни вакилони мардумӣ намояндаи халқи оддӣ, ҷавонмарди фарзонаи миллат ба майдони сиёсат зоҳир гардида, зимоми давлатдориро ба уҳда гирифт. Ҳанӯз зимни нахустин муроҷиаташ аз минбари Иҷлоссияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дар гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ваъда дод: “Ман ба Шумо сулҳ меорам”.
Инак, гузори 34 соли Истиқлоли давлатӣ, ки ин муддат назди таърих фурсати начандон зиёд аст, бо ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи навини рушду тараққиёт ворид гардида, бо ҷалби тамоми мардумони меҳандӯст Тоҷикистонро ба кишвари сарсабзу шукуфо табдил медиҳад.
Сарвари давлат бо аз нав эҳё намудани фарҳанги волову расму анъанаҳои мондагори гузаштагонамон, ёдоварӣ аз шахсиятҳои номвари халқи тоҷик ва бознашру дастрасӣ мардум намудани асарҳои безаволи бузургони халқи тоҷик тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда истодааст. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар арсаи давлатсозиву давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати мардум далели рӯшанест, ки Истиқлолияти давлатӣ аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин неъмати бузурги таърихӣ баъди муборизаҳои тӯлонӣ ба меросбарони фарҳанги воло — наслҳои имрӯзи тоҷикони тамаддунофар насиб гардидааст.
Бинобар ин, бо дарки моҳияти таърихии ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ иқдомҳои дурандешаонаи Сарвари давлат дар ҷодаи таҳкими ғояи ваҳдати миллӣ, таваҷҷуҳ ба тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, бедории фикрӣ, тарғиби арзишҳои муқаддас ва ҳидояти ҷомеа дар роҳи пурифтихори миллату давлатдорӣ аз тадбирҳое мебошанд, ки мардуми Тоҷикистонро ба дӯстиву ҳамбастагӣ ва расидан ба ҳадафҳои ояндасозӣ таҳрик медиҳанд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар ин замина, Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, ҳамзамон, бо таъмини соҳибихтиёрии давлат ва баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳо, ҳанӯз санаи 6 уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварро қабул намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, ба рушду ташаккули мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ замина гузошт. Бо назардошти дурнамои инкишофи кишвар ва аҳамияти муносибатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба сифати пояи аслии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.
Дарвоқеъ ҳам, корномаи таърихсозу тақдирсози Пешвои муаззами милллат дар ҷодаи рушди устувори Тоҷикистони созибистиқлол, амалисозии барномаву стратегияҳои миллӣ, роҳнамоии ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшон аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли кишвар арзёбӣ мегарданд, ки инъикосу тавсифи он дар як китоб ҳам ғайримкон аст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ва ҳифзи ин муваффақияту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро, ки бо ташаббусҳои ватандӯстонаи роҳнамои миллат ба даст овардаем, аз ҳар яки мо, мардуми худшиносу меҳандӯст, ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, шахсиятҳои ҳушманду маърифатпарвар ва меросбарони асили ин арзишҳои муқаддас, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, ҷонибдорӣ аз иқдомҳои ободониву созандагӣ, ба хусус, ҳифзи маънавиёти ҷомеа аз идеологияи хатарзо ва таълиму тарбияи насли ояндаи мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси масъулиятшиносиро рисолати ҳаётии худ дониста, ҳама ҳастии худро ба хотири пойдории сулҳу давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хоҳанд бахшид.
Исломиддин Бекмуродзода, раиси суди шаҳри Бохтар
Суди шаҳри Бохтар 



