ТАЪИНОТИ МАҶЛИСИ СУДӣ
ТАЪИНОТИ МАҶЛИСИ СУДӣ
14-уми майи 2024 сол шаҳри Бохтар
Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Дар ҳайати раисикунанда Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод
Бо котибии Ҷалилова Анора Сафархоновна
Бо иштироки прокурор Зоиров Муҳамадшариф
Дар маҷлиси ошкорои суди пешниҳод дар бораи ошкоро супорида шуда эътироф намудани ҳалномаи судиро, барраси намуда,-
МУАЙЯН КАРД:
Бо ҳалномаи ғоибонаи суди аз 14-уми майи 2024 сол бо даъвои Туракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқоматӣ қонеъ карда шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 241 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нусхаи ҳалномаи ғоибона ба даъвогар ва ҷавобгар дар муҳлати на дертар аз 3 руз аз рузи қабули ҳалномаи ғоибона бо огоҳинома оид ба супоридани он ирсол мегардад”.
Аз пешниҳоди котиби маҷлиси суди бармеояд, ки ҷавобгарон Баҳобекова М.Я. Холматов Б.А., Холматов Н.А., Холматова М.А. ва Холматов Р.А. суроғае, ки дар аризаи даъвоги қайд карда шудааст, истиқомат намекунад ва ҷои дигари зисти онҳо маълум нест.
Парвандаи мазкур аз сабаби номаълум будани ҷои зисти ҷавобгарон ба тартиби ғоибона барраси карда шудааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 242 ҳамин кодекс бошад, “ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суде, ки ҳалномаи ғоибонаро қабул кардааст, оид ба бекор кардани ин ҳалнома ариза пешниҳод намояд.
Ариза оид ба бекор кардани ҳалномаи ғоибона метавонад дар муҳлати 10 руз аз рузи ба ҷавобгар супоридани нусхаи ҳалномаи ғоибона, пешниҳод карда шавад. Аз талаботҳои моддаҳои мазкур бармеояд, ки барои он, ки ҳалномаи ғоибона эътибори қонунӣ пайдо намояд, моддаи 248 КММ ҶТ, онро бояд ба ҷавобгарон супорадва танҳо баъди гузаштани муҳлати шикоят он ба қувваи қонун медарояд.
Қонунгузор масъалаи дар ғоибии ҷавобгар барраси намудани парвандаро тибқи моддаи 121-и ҳамин кодекс ҳангоми номаълум будани маҳаллаи истиқомати ҷавобгар пешбини намуда, ҳалли дар қувваи қонун даромадаи ҳалномаи ғоибонаро нишон надодааст. Аз ин ру суд ба хулоса омад, ки вобаста ба ин масъала қисми 2-и моддаи КММ ҶТ – амали қонунгузории мурофиавии судии маъдани дар замон-ро, ки дар сурати пурра мавҷуд набудани меёрҳои ҳуқуқи мурофиави, ки муносибатҳои дар мурофиаи суди ба вуҷудояндаро танзим менамоянд, суд меёрҳоеро, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамояд, (қиёси қонун)-ро татбиқ намояд.
Бинобар ин суд ба хулоса омад, ки оиди ошкоро супоридани ҳалномаи судӣ ба ҷавобгарон тибқи талаботи моддаи 2 қисми 2 ва 121-и КММ ҶТ оиди ба тариқи ошкоро супоридани ҳалномаи судӣ, таъинот қабул намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 2 қисми 2, 121, 229-230 Кодекси мурофиавии маъдании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд-
ТАЪИН КАРД:
Ба ҷавобгарон Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович, ки дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Пармонов, хонаи №15 “а” дар қайд буда, маҳалли воқехии истиқомати онҳо маълум нест, ҳалномаи ғоибонаи суди аз 14-уми майи 2024 сол аз руи парвандаи маданӣ бо даъвои Туракулов Рустам Холматович нисбати Баҳобекова Мамасулув Ярматовна, Холматов Баҳром Алимуҳаммадович, Холматов Носир Алимуҳаммадович, Холматова Мунира Алимаҳмадовна ва Холматов Рамазон Алимаҳмадович ва шахси сеюм ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодабарии манзил ва баровардан аз қайди манзили истиқомати то 14 июни соли 2024 ба тариқи ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.
Таъиноти мазкур бо нусхаи ҳалномаи ғоибонаи суди дар ҷойи эълонҳои суди насб ва дар сомонаи судҳо ҷойгир карда шавад.
Нисбати таъинот дар муҳлати даҳ рӯз тавассути ҳамин суд ба Суди вилояти Хатлон шикояти хусусӣ овардан мумкин аст.
Судя: Бегмуродзода И.Б.