Вобаста ба ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ аз 28.12.2023 сол
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа давра ба давра баланд бардошта шуда истодааст.
Самараи таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба масъалаи тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат буд, ки имрӯз бонувони тоҷик дар рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Тавре зимни ироаи Паёми навбатии худ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 000 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, дар ҷодаи мухталиф кору фаъолият доранд.
Дар баробари фаъолияти пурсамари занону бонувони болаёқад дар арсаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, имрӯз бонувони Тоҷикистон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, дар тарбияи насли навраси даврони Истиқлоли кишвар ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, инчунин муқовимат бо хатарҳои замони муосир нақши ниҳоят муҳим доранд.
Ҳамзамон таъмини волоияти қонун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Чуноне, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Дар воқеъ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” қадами устуворе дар татбиқи масъалаҳои муҳими миллату давлатдорӣ, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо аз волоияти қонун, риояи адлу ҳифзи ҳуқуқҳои ҷомеа сарчашма мегирад, арзёбӣ мегардад
Аз ин ру, саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои бузурги пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, ки зимни ироаи Паём таъкид гардид, аз ҳар яки мо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саъю талоши дучанд ҷиҳати иҷрои вазифаву масъулиятҳои базимадоштаамонро тақозо дорад.
Судяи Суди шаҳри Бохар
Шерализода З.Ч.