Тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

Санаи 21 декабри соли 2021 соати 10:00 дақиқа дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон бо иштироки раиси суди шаҳри Бохтар  муҳтарам Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, муовини якуми раиси суди шаҳр Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, муовини раиси суди  шаҳр Алимзода Ҳанифа Акбар, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Бохтар вилояти  Хатлон тавассути оинаи нилгун Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  кишвар” дастаҷамъона  тамошо  намуданд.