Санади  суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон

Парвандаи ҷинояти нисбати Одинаев Асадулло Қурбоналиевич қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Дуашнбе аз 05-уми сентябри соли 2019 бо моддаи 247 қисми 3 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои ҷарима ба андозаи 912 (нуҳсаду дувоздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50160 (панҷоҳ ҳазору яксаду шаст) сомонӣ   ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ   ба муҳлати 1 (як) сол маҳкум шуда, такроран дар ҳолати ретсидив ҷинояти қаллобиро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.

ӯ моҳи июли соли 2018, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ба воситаи шиносаш Нисо ном ҷавондухтар бо шаҳрванд Мамасаидова Сураё Мамараимовна, сокини ноҳияи Қубодиён, деҳоти 20 солагии Истиқлол, деҳаи Қизилнишон вохӯрда, зимни сӯҳбат огоҳ шудааст, ки номбурда мехоҳад бо ягон роҳу восита додараш Саидов Юнусжон Мамараимовичро, ки номбурда моҳи феврали соли 2018, бо ҳукми суди ноҳияи Қубодиён, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати ҳашт солу шаш моҳ аз озодӣ   маҳрум шудааст, аз адои боқимондаи ҷазо озод ва ё ин, ки мӯҳлати ҷазои ҷиноятии таъиншударо камтар намояд. ӯ аз ин кор бархурдор шуда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии Мамасаидова С.М. даромада, худашро ба вай ҳамчун корманди Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифӣ   карда, иброз намудааст, ки гӯё ӯ ба воситаи ҳамкоронаш, яъне духтурони пуртаҷриба дар номи додараш Саидов Ю.М.  ҳуҷҷати беморӣ   омода намуда, бо ин роҳ вайро бар ивази 42000 (чилу ду ҳазор) сомонӣ   аз адои боқимондаи ҷазо озод менамояд. Мамасаидова С.М. ба ӯ  бовар карда, давра ба давра дар ҳудуди шаҳри Душанбе, маблағи 37000 сомонӣ   ва маротибаи охирон дар ҳудуди шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, 5000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 42000 сомониро бо як азобу машақат ҷамъоварӣ   намуда, ба ӯ додааст. Вале, дар асл Одинаев А.Қ. дидаю дониста, ки дар ягон ҷо кору фаъолият намекард, ягон хел шинос ҳам надошта, аз ӯҳдаи чунин корҳо низ баромада наметавонист ва мақсадаш танҳо ба тасарруфи молу мулки ғайр равона буд, маблағи дар боло зикршударо аз шаҳрванд Мамасаидова С.М. тасарруф намуда, додари номбурдаро аз адои боқимондаи ҷазои ҷиноятии таъиншуда озод накарда, ба муроҷиати чандинкаратаи вай оид ба аз муассисаи ислоҳӣ озод намудани додараш ва ё баргардонидани маблағҳои пулии додааш ваъдаҳои бардурӯғ дода, аз номбурда мунтазам канораҷӯӣ   карда, маблағҳои тасарруф кардаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст ва бо ин кирдори қасдонаи худ ба ҷабрдида Мамасаидова С.М. зарари моддӣ   ба миқдори махсусан калон расонидааст.

Ҳамин тариқ, Одинаев Асадулло Қурбоналиевич, бо ин кирдори қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кард, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ба шаҳрвандро муқаррар мекунад.

Дар мурофиаи судӣ   судшаванда Одинаев Асадулло Қурбоналиевич ба айби ба ӯ эълоншуда худро гунаҳгор шуморида, нишодод дод,ки моҳи июли соли 2018 дар муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ронанда  кору фаъолият мекардааст. Ҳамон вақтҳо ӯ ба восиати шиносаш Нисо сокини шаҳри Душанбе бо як хешаш шаҳрванд Мамасаидова Сураё вохурда ҳамсуҳбат шудааст. Зимни суҳбаташон ӯ аз онҳо фаҳмидаст, ки Мамасаидова Сураё мехоҳад, ки додараш Саидов Юнусжонро, ки моҳи феврали соли 2018 бо моддаи 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Қубодиён гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди 8 солу 6 моҳ аз озодӣ   маҳрум сохтан татбиқ   карда шуда будааст, ҷазояшро қисман ё ба пуррагӣ   озод кунанд. ӯ гуфтааст, ки вай аз уҳдаи ин кор баромада метавонад ва додарашро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-и соли 2019 ба воситаи шиносҳояш озод мекунад. Сипас ӯ аз Мамасаидова Сураё давра ба давра ҷамъ ба маблағи 42000 (чилу ду ҳазор) сомонӣ   маблағи пули гирифта, аз уҳдаи ин кор баромада натавонистааст ва додари Мамасаидова Сураёро аз маҳбас озод карда натавонистааст ва маблағи аз Мамасаидова Сураё, ки ҷамъ 42000 (чилу ду ҳазор) сомониро ташкил медодааст тасарруф намуда, ба манфиати худаш сарф намудааст. Аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон аст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 27 январи соли 2021 Одинаев Асадулло Қурбоналиевич бо моддаи 247 қисми 4, банди “б’’ КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор карда шуда, ба ӯ бо ҳамин модда 8 (ҳашт) сол маҳрум сохтан  аз озодӣ, бо   нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар хизмати давлатӣ   ба муҳлати 2 (ду) сол ҷазо  таъин карда шуд.

Аз ҳисоби судшаванда Одинаев А.Қ. ба фоидаи ҷабрдида Мамасаидова Сурайё Маҳмадраҳимовна 42000 (чилу ду ҳазор сомонӣ   рӯёнида шудааст.

(Муовини якуми раиси суди ш.Бохтар Муҳидинзода С.С.)