Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 26 январи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Бохтар вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди шаҳри Бохтар  муҳтарам Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, муовини якуми раиси суди шаҳр Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, мовини раиси суди  шаҳр Алимзода Ҳанифа Акбар, судяҳои суди шаҳр ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Бохтар вилояти  Хатлон дастаҷамъона Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд.