ШИНОСОӢ БО СУДЯҲОИ НАВТАЪИНШУДА ДАР СУДИ ШАҲРИ БОХТАР (14.08.2020 сол)
Санаи 14 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Бохтар бо иштироки судяи Суд Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода Зафар Нусрат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, раиси Суди шаҳри Бохтар муҳтарам Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, судяҳои суди шаҳр ва кормандони дастгоҳи ин суд шиносои бо муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1586 аз 13 августи соли 2020 сол таъин карда шуд, баргузор гардид.
Дар шиносоии мазкур судяи Суд Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода Зафар Нусрат оиди судяҳои таъиншуда маълумот дода, барои кори минбаъдаи онҳо муваффақияту зафарҳоро орзу намуда, таъкид дошт, ки дар фаъолияти худ пурмасъулият буда, поквиҷдонона адои хизмат намоянд ва ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ даст назананд.
Хотиррасон менамоем, ки бо Фармони мазкур як қатор раисони судҳо, муовинони раисони судҳо ва судяҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод гардиданд.
Бо Фармони зикршуда Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини раиси Суди вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Бохтар таъин гардид.